https://sputnik.tj/20230606/lavrov-diplomat-javon-dushanbe-video-1057572837.html
Лавров ба дипломатҳои ҷавон дар Душанбе чӣ гуфт - видео
Лавров ба дипломатҳои ҷавон дар Душанбе чӣ гуфт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия дар Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе бо дипломатҳои ҷавон мулоқот карда, мавқеи Маскавро дар мавриди вазъи ҷаҳонӣ баён дошт
2023-06-06T14:14+0500
2023-06-06T14:14+0500
2023-06-06T14:14+0500
видео
сергей лавров
вазир
дипломат
мулоқот
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057569837_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_839798476a3dd8a19eb86c4e8d9e9e5f.jpg
Ваъдахилофиҳои НАТО ва режими Киев, муносиботи Тоҷикистону Русия, вазъият дар Афғонистон, ҳамгироӣ ҳамкорӣ дар доираи созмонҳо аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Сергей Лавров бо донишҷӯён дар Душанбе буданд. Вазири умури хориҷии Русия дар Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе изҳор дошт, НАТО ваъдаҳои додааш ҳанӯз ба ҳукуматдорони шӯравиро дар мавриди паҳн нашудан ба шарқ вайрон карда, амнияташро аз ҳисоби амнияти дигарон таъмин мекард. Лавров дар мавриди муносиботи Душанбею Маскав изҳор дошт, ки бисёриҳо мехоҳанд ин равобитро халалдор кунанд, аммо муваффақ нахоҳанд шуд, чун Тоҷикистону Русияро дӯстию равобити хуби анъанавӣ пайваст мекунад. Ду ноиби сарвазири Русия ба Тоҷикистон меояндДипломат дар мавриди амалиёти низомӣ гуфт, Русия ночор ба ҷанги оғозкардаи Украина дар Донбас барои ҳимояи русҳо ва русзабонҳо дар замине, ки садҳо сол аҷдодонашон дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд, посух дод. Лавров изҳор дошт, ки ҳаводиси Украина танҳо қисме аз мубориза барои низоми меъмории ояндаи ҷаҳонӣ аст, ки бисёрқутбӣ мешавад ё на.Маврид ба зикр аст, ки Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз амният то тиҷорату сиёсат аз масоили муҳими мулоқотҳояш мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057569837_125:0:2856:2048_1920x0_80_0_0_640d7fc88397b6edc20f148432bab7ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, донишгоҳ, лексия, сергей лавров, маскав, душанбе
видео, донишгоҳ, лексия, сергей лавров, маскав, душанбе
Лавров ба дипломатҳои ҷавон дар Душанбе чӣ гуфт - видео
Вазири умури хориҷии Русия дар Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе бо дипломатҳои ҷавон мулоқот карда, мавқеи Маскавро дар мавриди вазъи ҷаҳонӣ баён дошт
Ваъдахилофиҳои НАТО ва режими Киев, муносиботи Тоҷикистону Русия, вазъият дар Афғонистон, ҳамгироӣ ҳамкорӣ дар доираи созмонҳо аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Сергей Лавров бо донишҷӯён дар Душанбе буданд.
Вазири умури хориҷии Русия дар Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе изҳор дошт, НАТО ваъдаҳои додааш ҳанӯз ба ҳукуматдорони шӯравиро дар мавриди паҳн нашудан ба шарқ вайрон карда, амнияташро аз ҳисоби амнияти дигарон таъмин мекард.
Лавров дар мавриди муносиботи Душанбею Маскав изҳор дошт, ки бисёриҳо мехоҳанд ин равобитро халалдор кунанд, аммо муваффақ нахоҳанд шуд, чун Тоҷикистону Русияро дӯстию равобити хуби анъанавӣ пайваст мекунад.
Дипломат дар мавриди амалиёти низомӣ гуфт, Русия ночор ба ҷанги оғозкардаи Украина дар Донбас барои ҳимояи русҳо ва русзабонҳо дар замине, ки садҳо сол аҷдодонашон дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд, посух дод.
Лавров изҳор дошт, ки ҳаводиси Украина танҳо қисме аз мубориза барои низоми меъмории ояндаи ҷаҳонӣ аст, ки бисёрқутбӣ мешавад ё на.
Маврид ба зикр аст, ки Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз амният то тиҷорату сиёсат аз масоили муҳими мулоқотҳояш мебошад.