Заминларза Шуғнони Тоҷикистонро такон дод

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГоры в Таджикистане
Горы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Обуна шудан
Заминларзами нав ҳамагӣ дар 35-40-километрии Хоруғ - маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони сабт шуда, дар бораи оқибатҳои он мушаххасоте ҳоло нест
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар маркази мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ларзиши замин дар кӯҳистони ноҳияи Шуғнон, тақрибан 35-40-километрии шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ин вилоят сабт шуд, ки қуввали он 4 балл буд.
Мужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2023
Тоҷикистонро 2 заминларза такон дод
Ба гуфтаи зилзилашиносон, он дар умқи 15 километр рух додааст.
Дар бораи оқибатҳои зилзила дар ҳоли ҳозир маълумот дастрас нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистон пайваста гузаронидани семинарҳо вобаста ба амалкард дар ҳолатҳои заминҷунбиро оғоз кардааст.
Наҷотдиҳандагон дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, ки дар рафти он на танҳо зарурати риояи қатъии тадбирҳои бехатариро ҳангоми заминларза хотиррасон мекунанд, балки ба калонсолон ва кӯдакон варақаҳои иттилоотии муҳимро паҳн мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0