Тоҷикистонро 2 заминларза такон дод

© AP / B.K.BanagashМужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото
Мужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2023
Обуна шудан
Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон дар ҳудуди Тоҷикистон ва дар қиматҳои марзии Афғонистон заминларзаҳои шиддаташон беш аз 4 дараҷаро сабт кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Маркази зилзилашиносии Ӯзбекистон аз сабти заминҷунбӣ дар шарқи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, заминҷунбӣ субҳи 28 май бо иқтидори беш аз 4,6 дараҷа дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Маркази заминларза куҳҳои минтақаи Рашт нишон дода шуда, таъкид гардидааст, ки он дар умқи 40 километр рух додааст.
Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони Душанбе низ изҳор доштанд, ки заминларзаро эҳсос карданд. Дар мавриди паёмадҳои заминларза ҳеч гузорише то ҳол нест.
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Заминларза дар Тоҷикистон
ВМКБ -ро заминларза такон дод
Заминҷунбии дигар дар музофоти Бадахшони Афғонистон дар наздикии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Иқтидори ин заминларза низ беш аз 4.6 дараҷа ва умқи он то 100 километр арзёбӣ шудааст. Таъкид мешавад, ки он дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон дар шимоли Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ заминларза ба қайд гирифта шуд.
Он замон мақомот шиддати заминҷунбиро то 6 бал арзёбӣ намуданд. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ 53 хонаю иншооти сокинон қисман ва 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ тахриб гардида, инчунин 120 сар чорвои сокинон талаф ёфта буд.
Мақомоти ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хонаҳои нав барои зарардидагон дар оғози моҳи июл пурра ба анҷом расонида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0