https://sputnik.tj/20230605/sharh-kreml-sozishi-opek-istikhroj-1057561972.html
Шарҳи Кремл дар бораи созиши ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи нафт
Шарҳи Кремл дар бораи созиши ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи нафт
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои узви иттиҳодия ният доранд, ки аз соли 2024 сатҳи умумии истихроҷи нафтро ба андозаи 1,4 млн баррел дар як шабонарӯз коҳиш диҳанд
2023-06-05T19:55+0500
2023-06-05T19:55+0500
2023-06-05T19:55+0500
дар русия
дмитрий песков
нафт
арабистони саудӣ
опек
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0d/1056433828_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_803766741bf59a3c1174a0159ab5ba84.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Русия созишномаҳои умумиеро, ки дар доираи ОПЕК+ вуҷуд доранд, иҷро хоҳад кард. Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков дар шарҳи тасмими созмон дар бораи коҳиши мизони истихроҷи нафт изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, ин формат барои таъмини субот дар бозорҳои байналмилалии энержӣ хеле муҳим аст. "Русия иштирокчии ин тавофуқи муштарак аст. Формат кори худро идома медиҳад, тавофуқҳои муштараке ҳастанд, ки албатта ҳама пайравӣ хоҳанд кард", - изҳор дошт ӯ. Эътилофи ОПЕК+ дар пайи нишасти рӯзи 4 июн тамдиди тавофуқро барои соли оянда эълон кард.Ҳамчунин, кишварҳои узви ин иттиҳодия қасд доранд, ки дар соли 2024 мизони ҳадафгузоштаи истихроҷи нафтро дар як шабонарӯз то 1,4 млн бушка коҳиш диҳанд. Илова бар ин, коҳиши иловагии ба истилоҳ ихтиёрии истихроҷ аз ҷониби кишварҳои алоҳида идома дорад ва ҳатто то соли 2024 мавқуф гузошта мешавад.Аз ҷумла Русия ва Арабистони Саудӣ - ҳар кадом 500 ҳазор бушка дар як рӯз коҳиш хоҳад дод. Дар зимн Риёз коҳиши нафтро барои моҳи июл ба 1 млн бушка дар як рӯз бо эҳтимоли тамдид эълон кард.
https://sputnik.tj/20230521/hamkori-afghoniston-rusiya-istikhroj-naft-1057274322.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0d/1056433828_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_cc95f858cc77ec1b60963908705a19ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созиш, нафт, истихроҷ, опек, баррел
созиш, нафт, истихроҷ, опек, баррел
Шарҳи Кремл дар бораи созиши ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи нафт
Кишварҳои узви иттиҳодия ният доранд, ки аз соли 2024 сатҳи умумии истихроҷи нафтро ба андозаи 1,4 млн баррел дар як шабонарӯз коҳиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Русия созишномаҳои умумиеро, ки дар доираи ОПЕК+ вуҷуд доранд, иҷро хоҳад кард.
Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков дар шарҳи тасмими созмон дар бораи коҳиши мизони истихроҷи нафт изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ин формат барои таъмини субот дар бозорҳои байналмилалии энержӣ хеле муҳим аст.
"Русия иштирокчии ин тавофуқи муштарак аст. Формат кори худро идома медиҳад, тавофуқҳои муштараке ҳастанд, ки албатта ҳама пайравӣ хоҳанд кард", - изҳор дошт ӯ.
Эътилофи ОПЕК+ дар пайи нишасти рӯзи 4 июн тамдиди тавофуқро барои соли оянда эълон кард.
Ҳамчунин, кишварҳои узви ин иттиҳодия қасд доранд, ки дар соли 2024 мизони ҳадафгузоштаи истихроҷи нафтро дар як шабонарӯз то 1,4 млн бушка коҳиш диҳанд.
Илова бар ин, коҳиши иловагии ба истилоҳ ихтиёрии истихроҷ аз ҷониби кишварҳои алоҳида идома дорад ва ҳатто то соли 2024 мавқуф гузошта мешавад.
Аз ҷумла Русия ва Арабистони Саудӣ - ҳар кадом 500 ҳазор бушка дар як рӯз коҳиш хоҳад дод. Дар зимн Риёз коҳиши нафтро барои моҳи июл ба 1 млн бушка дар як рӯз бо эҳтимоли тамдид эълон кард.