Ҳамкории Афғонистон ва Русия барои истихроҷи нафт

© AFP 2023 / SPENCER PLATTДобыча нефти из нефтяной скважины
Добыча нефти из нефтяной скважины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2023
Обуна шудан
Вазири нафт ва тиҷорати ҳукумати феълии Афғонистон аз ширкати нафти Русия хост то барои истихроҷи нафт дар ин кишвар ҳамкорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Вазири саноат ва тиҷорати толибон Нуриддин Азизӣ ахиран дар нишаст Қазон аз ширкати нафтии Русия хост то дар тавсеаи майдонҳои нафтӣ Афғонистон ҳамкорӣ кунад, иттилоъ додааст “Родиои дарӣ”.
Вай дар дидор бо раиси иҷроияи “Татнефт” Наил Могонув дар Қозон аз тавлидкунанда нафти Русия даъват кард то дар тавсеа, тавлид ва фароварии нафти Афғонистон ҳамкорӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, Наил Могонув низ омодагии худро барои бардоштан гомҳои амалӣ дар ин росто иброз кард.
Вазири саноати ва тиҷорати ҳукумати толибон дар чаҳордаҳумини иҷлоси байналмилалии иқтисодӣ "Рӯсия – ҷаҳони ислом " ки аз 18 то 19 май дар пойтахти Тотористон баргузор шуд, ширкат кард.
Пеш аз ин мақомот толибон гуфта буданд захоири ин кишвари ҳудуди 1,6 миллиард бушкаи нафт ва 440 миллиард метри мукааби газ табиӣ аст.
Нуриддин Азизӣ министр торговли правителӣства талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2023
Толибҳо: Ширкатҳои саҳомии русӣ-афғонӣ ниёз ба тамдиди қарордод надоранд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш оқои Азизӣ дар хусуси тавофуқоти иқтисодӣ бо Русия, гуфта буд, ки бахши хусусӣ дар ин самти фаъолият дорад.
Сарпарасти вазорати тиҷорат дар хусӯси тавофуқоти гузашта маводи нафтӣ ва гандум эълом кард, ки бахши хусусии Афғонистон дар ин самт фаъолият мекунанд, тавофуқот ҷараён дорад.
Вай афзуд, ки тавофуқоти гузашта аз тариқи бахши хусусӣ "ширкатҳои шахсӣ" ҷараён дорад ва кушиш дорем, ки барои шаҳрвандони фоидаи бештарии биёрем.
Ӯ таъкид дошт, ки дар зимистон танҳо дар Афғонистони нархи мавод боло рафт, дубора бо ширкатҳои пешин тамос барқарор кардем.
Доллар ҷойгоҳи худро дар мубодилоти иқтисодии Афғонистон ҳифз мекунад; Азизӣ таъкид кард, ки пас аз хуруҷи Амрико мушкиле надорем сарпарасти вазорати тиҷорат ба хабарнигори Sputnik Афғонистон дар хусӯси ин ки оё толибҳо мехоҳанд монанди кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар муомилоти тиҷоратӣ аз доллаа истифода накунанд гуфт, "кориро нахоҳем анҷом дод, ки ҳассосият ба ангез бошад, корҳои анҷом медиҳем, ки ҳама тармимӣ аст, аз ҷумла дар бахши иқтисодӣ.
Лентаи хабарҳо
0