Сирдарё ва Амударёро камобӣ таҳдид мекунад: нигаронии Узбекистон

© AP Photo / Massoud HossainiАмударья
Амударья - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2023
Обуна шудан
Мақомоти Узбекистон бонги изтироб мезананд ва хабар медиҳанд, ки ду дарёи бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ то охири сол тақрибан 20 дарсад паст мешаванд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ҳаҷми об дар рӯдхонаҳои асосии Осиёи Марказӣ - Амударё ва Сир метавонад то охири соли 2023 ба далели камобӣ дар назар аст, коҳиш ёбад.
Дар ин бора аз пешгӯии дахлдори фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маълум шудааст.
"Дар мавсими нашъунамои соли 2023 коҳиши ҳаҷми захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир 10-15% ва дар ҳавзаи Амударё 15-20% аз меъёри дарозмуддат дар назар аст",- гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Президент аллакай ба идораҳои дахлдор дастур додааст, ки самаранокии истифодаи обро дар шароити камобӣ дар тобистони имсола беҳтар созанд.
Дар ин кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки дар тамоми иншооти хоҷагии об таҷҳизоти рақамии "Оби оқил" ва "Дивер" ҷорӣ карда, лимити нави гирифтани об дар заминҳои обёришаванда таҳия ва пардохтҳои истеҳсолкунандагони кишоварзӣ барои обрасонӣ муносиб карда шаванд.
Узбекистон ахиран истеъмоли солонаи обро то 51-53 миллиард метри мукааб кам кардааст, ки он дар солҳои 80-уми асри гузашта ба 64 миллиард метри мукааб баробар буд.
Ремонтные работы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Коршиносон бонги изтироб мезананд: Лоиҳаи Толибон* метавонад Осиёи Марказиро бе об гузорад
Ҳамчунин сарфаи об ба ҳар кас то 1,56 ҳазор мукаабметр кам шудааст, зеро дар ин кишвар аҳолӣ аз 15 миллиони он замон дар соли 2023 ба беш аз 36 миллион нафар афзоиш ёфтааст.
Истифодаи аз ҳад зиёди об дар Амударё ва Сир боиси нарасидани захираҳои об дар поёноби онҳо, бахусус хушк шудани баҳри Арал гардид.
Гуфта мешавад, ки тақсимоти нобаробари захираҳои об дар Осиёи Марказӣ боиси бархӯрди манфиатҳои байни таъминкунандагони асосии об (Тоҷикистон ва Қирғизистон) ва истеъмолкунандагони асосӣ (Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) мегардад.
Таъмини об дар минтақа бо назардошти афзоиши иқтисоди кишварҳо то соли 2040 метавонад қариб 25% коҳиш ёфта, то 1,5 ҳазор метри мукааб бар сари ҳар одам кам шавад, гуфта мешавад дар маълумоти Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии оби Осиёи Марказӣ.
Лентаи хабарҳо
0