https://sputnik.tj/20230605/lavrov-dushanbe-omad-1057563025.html
Лавров ба Душанбе омад
Лавров ба Душанбе омад
Sputnik Тоҷикистон
Дипломати баландпояи Русия бо ҳамтои тоҷикаш ва ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард, ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифро баррасӣ мекунад 05.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-05T19:18+0500
2023-06-05T19:18+0500
2023-06-05T19:18+0500
дар русия
сергей лавров
сиёсат
қирғизистон
мулоқот
боздид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/05/1057562186_0:77:3365:1970_1920x0_80_0_0_274555abd500c8bdc34e884062787f5e.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.Ба гузориши РИА Новости, ҳавопаймои ҳомили вазири корҳои хориҷӣ дар Душанбе фуруд омад. Сафари расмии Лавров дар Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 июн идома хоҳад дошт. Ба иттилои манбаъ, Лавров дар ҷараёни боздидаш аз Душанбе, бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии кишвар, Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот хоҳад кард.Интизор меравад, ки ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ кунанд.Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои бисёрҷониба, аз қабили СААД, ИДМ, СҲШ ва СММ дар назар аст.Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар Сергей Лавров дар мулоқот бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон суханронӣ мекунад.Дипломати рус инчунин дар муаррифии маҷмӯаи китоби "Нависандагони классикаи рус ва православия" иштирок намуда, аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон боздид мекунад.Ин дар ҳолест, ки ахиран Лавров изҳор дошт, ки муносибот бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар заминаи шарикии стратегӣ, баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳамсоядории нек роҳандозӣ шудаст.Дипломат махсусан таъкид намуд, ки бо ҳар яке аз ин кишвар муколамаи густурдаи сиёсӣ ҷой дорад, ки он барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз иқтисоду сармоягузорӣ то илму маориф мусоидат мекунад.
https://sputnik.tj/20230605/rusiya-sharoiti-muhojiron-tojikistoni-behbud-1057560580.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/05/1057562186_318:0:3047:2047_1920x0_80_0_0_cd17d0eae4a14c83da9eccc55945e2da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, сергей лавров, сиёсат , қирғизистон, мулоқот, боздид
дар русия, сергей лавров, сиёсат , қирғизистон, мулоқот, боздид
Лавров ба Душанбе омад
Дипломати баландпояи Русия бо ҳамтои тоҷикаш ва ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард, ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Ба гузориши РИА Новости, ҳавопаймои ҳомили вазири корҳои хориҷӣ дар Душанбе фуруд омад. Сафари расмии Лавров дар Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 июн идома хоҳад дошт.
Ба иттилои манбаъ, Лавров дар ҷараёни боздидаш аз Душанбе, бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии кишвар, Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот хоҳад кард.
Интизор меравад, ки ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ кунанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои бисёрҷониба, аз қабили СААД, ИДМ, СҲШ ва СММ дар назар аст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар Сергей Лавров дар мулоқот бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон суханронӣ мекунад.
Дипломати рус инчунин дар муаррифии маҷмӯаи китоби "Нависандагони классикаи рус ва православия" иштирок намуда, аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон боздид мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Лавров изҳор дошт, ки муносибот бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар заминаи шарикии стратегӣ, баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳамсоядории нек роҳандозӣ шудаст.
Дипломат махсусан таъкид намуд, ки бо ҳар яке аз ин кишвар муколамаи густурдаи сиёсӣ ҷой дорад, ки он барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз иқтисоду сармоягузорӣ то илму маориф мусоидат мекунад.