Устопириён барандаи медали тило ва Раҳимов соҳиби нишони нуқра гардид

© SputnikКомроншоҳ Устопириён, ҷудокори шинохтаи тоҷик
Комроншоҳ Устопириён, ҷудокори шинохтаи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи ниҳоии "Dushanbe Grand Prix 2023" аз миёни 12 намояндаи Тоҷикистон ба сандуқи варзишии кишвар ду ҷудокори шинохта нишонҳои тило ва нуқра оварданд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ҷудокори тоиҷк, Комроншоҳи Устопириён дар финали "Dushanbe Grand Prix 2023" барандаи медали тило шуд. Темур Раҳимов барандаи нишони нуқра гардид.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Устопириён барои медали тило дар вазни зери 90 кило бо варзишкори русиягӣ, Элдар Аллахвердиев вориди майдон шуда, пирӯз баромад.
Дар вазни бештар аз 100 кило Темур Раҳимов аз Темерлан Башаеви русиягӣ шикаст хӯрда, соҳиби мақоми дуюм гардид.
Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило барои медали биринҷӣ бо намояндаи АМА Муҳаммадумар Муҳаммадумаров куштӣ гирифта шикаст хӯрд.
Қаблан Сомон Маҳмадбеков ҷудокори тоҷик дар рӯзи дуввуми Гран При Душанбе ба хазинаи варзишии кишвар нишони тило овард. Дар қувваозмоии ниҳоӣ ӯ ҳамватанаш Шодмон Ризоевро шикаст дод ва соҳиби медали тило гардид. Ризоев барандаи медали нуқра шуд.
Мухаммад Наимов — таджикский боец смешанных боевых искусств. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2023
Пирӯзии Наимов ва шикасти Ғафуров дар UFC
Зимнан, дар рақобати дигар Беҳрӯз Хоҷазода аз Маҳмадбек Маҳмадбеков шикаст хӯрд ва мақоми дуввумро аз худ карда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқот Обид Ҷебов медали тилло гирифт - дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 66 кг Мурод Чопанови русро шикаст дод.
Ҳамчунин, дар рӯзи дуввуми мусобиқот Меҳрзод Сӯфиев соҳиби ҷоизаи биринҷӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки ғолибону ҷоизадорони "Dushanbe Grand Prix 2023" дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз мегарданд. Барандагони медали тило 3 ҳазор евро, барандагони нуқра – 2 ҳазор евро ва нишони биринҷӣ – 1 ҳазор евро дарёфт хоҳанд кард.
Инчунин, "Dushanbe Grand Prix 2023" барои варзишкорон холҳои олимпӣ меорад. Аз ҷумла барои ҷойи 1 - 700 хол, 2 - 490 ва ҷойи 3 - 350 хол илова мегардад.
Лентаи хабарҳо
0