Пирӯзии Наимов ва шикасти Ғафуров дар UFC

© Foto / Акс аз шабакаи иҷтимоии Муҳаммад НаимовМухаммад Наимов — таджикский боец смешанных боевых искусств.
Мухаммад Наимов — таджикский боец смешанных боевых искусств. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2023
Обуна шудан
Ду размикори тоҷикистонӣ, ки ахиран ба бузургтарин ташкилоти ҷаҳонӣ дар риштаи муҳорибаҳои омехта - UFC пайвастанд, нахустин зӯрозмоияшонро анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC Vegas 74 рақиби австралиягияашро ба нокаут фиристод.
Наимов дар нахустин сабқаташ дар UFC дар даври дуюм бо як зарбаи дасти рост, размикор аз Австралия, Ҷейми Малларкиро аз пой зад.
Маврид ба зикр аст, ки размикори тоҷик ба сабқат бо варзишкори австралиягӣ, Гурам Кутаталадзе, размикори шведию гурҷиро, ки ҷароҳат бардошта буд иваз намуд.
Размикори дигари тоҷик, Муин Ғафуров дар мусобиқаи UFC бо тасмими якдилонаи доварон ба Ҷон Кастанедаи амрикоӣ сабқатро бохт.
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2023
Сомон Маҳмадбеков нишони тилои Гран При Душанберо соҳиб шуд
Маврид ба зикр аст, ки феълан Тоҷикистонро дар UFC чор варзишкор - Муҳаммад Наимов, Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабов ва Муин Ғафуров намояндагӣ мекунанд.
Корномаи Наимов баъди пирӯзии охираш аз 9 ғалабаву 2 бохт ибора мебошад.
Қаблан, як размикори дигари тоҷики мағлубнашуда Нурулло Алиев аз раҳбари UFC Дана Уайт даъват карда буд, ки ба варзишкорони тоҷик бештар қарордод имзо намоянд.
"Ман борҳо гуфтам: Дана, бо тоҷикон шартнома имзо кун. Мо воқеан мехоҳем, ки Ватани худро муаррифи кунем. Мехоҳем ҳар як-ду ҳафта рақобат кунем, то кишвари мо ҳам маъруф шавад. Дар ин ҷо касе калимаи "Тоҷикистонро" гуфта наметавонад", - гуфта буд Алиев.
Лентаи хабарҳо
0