https://sputnik.tj/20230604/rahmon-marosim-savgandyodkunii-erdughon-1057535068.html
Раҳмон ба маросими савгандёдкунии Эрдуғон киро фиристод?
Раҳмон ба маросими савгандёдкунии Эрдуғон киро фиристод?
Sputnik Тоҷикистон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳузури мақомдорони баландпояи хориҷӣ ва вакилони мардумию мансабдорони Туркия савганд ёд карда, барои даври дигар президент шуд
2023-06-04T09:31+0500
2023-06-04T09:31+0500
2023-06-04T09:36+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
туркия
раҷаб тайиб эрдуғон
қоҳир расулзода
маросим
маросими савгандёдкунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462011_0:0:3207:1804_1920x0_80_0_0_290fb05c6aaeb31ee24652c3e7918a01.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба маросими савгандёдкунии Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳайси роҳбари тозаинтихоби Туркия, сарвазири кишварро фиристодааст. Ба иттилои мақомоти тоҷик, дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода дар маросими савгандёдкунии Эрдуғон дар Анқара иштирок намуд.Дар ин маросим дар баробари мақомдорони Туркия инчунин роҳбарони баландпояи кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Русияро дар маросим, раиси Думаи давлатӣ, Вячеслав Володин намояндагӣ кард. Ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон протоколи Шӯрои олии интихобот дар бораи пирӯзӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия супурда шуд ва пасон Эрдуғон дар Маҷлиси бузурги миллии Туркия савганд ёд кард ва расман ба курсии президентӣ такя зад.Ӯ дар даври дуюми интихоботи президентӣ, ки 28 май сурат гирифт, беш аз 52 дарсади орои мардумро ба даст овард. Рақиби ӯ, номзади аҳзоби мухолиф, Камол Қиличдароғлу наздики 48%-и ороро соҳиб шуд.Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Эрдуғон пирӯзияшро шодбош гуфта, онро натиҷаи сиёсати созандаи ӯ хондааст.Вай дар идома ба раванди густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистону Туркия таъкид кардааст.Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар давраи нави фаъолияти Эрдуғон муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳоро идома дода, ба нафъи ҳарду ҷониб муносибатҳоро ба сатҳи нав хоҳанд расонид.
https://sputnik.tj/20230603/erdughon-savgand-yod-kard-rasman-kishvardor-turkiya-elon-1057531994.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462011_234:0:2965:2048_1920x0_80_0_0_8b6fb022d96fd26a26df2ef2ffb70a9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маросим, савганд, эмомалӣ раҳмон, раҷаб тайиб эрдуғон
тоҷикистон, маросим, савганд, эмомалӣ раҳмон, раҷаб тайиб эрдуғон
Раҳмон ба маросими савгандёдкунии Эрдуғон киро фиристод?
09:31 04.06.2023 (Навсозишуда: 09:36 04.06.2023) Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳузури мақомдорони баландпояи хориҷӣ ва вакилони мардумию мансабдорони Туркия савганд ёд карда, барои даври дигар президент шуд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба маросими савгандёдкунии Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳайси роҳбари тозаинтихоби Туркия, сарвазири кишварро фиристодааст.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода дар маросими савгандёдкунии Эрдуғон дар Анқара иштирок намуд.
Дар ин маросим дар баробари мақомдорони Туркия инчунин роҳбарони баландпояи кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Русияро дар маросим, раиси Думаи давлатӣ, Вячеслав Володин намояндагӣ кард.
Ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон протоколи Шӯрои олии интихобот дар бораи пирӯзӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия супурда шуд ва пасон Эрдуғон дар Маҷлиси бузурги миллии Туркия савганд ёд кард ва расман ба курсии президентӣ такя зад.
Ӯ дар даври дуюми интихоботи президентӣ, ки 28 май сурат гирифт, беш аз 52 дарсади орои мардумро ба даст овард. Рақиби ӯ, номзади аҳзоби мухолиф, Камол Қиличдароғлу наздики 48%-и ороро соҳиб шуд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Эрдуғон пирӯзияшро шодбош гуфта, онро натиҷаи сиёсати созандаи ӯ хондааст.
Вай дар идома ба раванди густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистону Туркия таъкид кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар давраи нави фаъолияти Эрдуғон муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳоро идома дода, ба нафъи ҳарду ҷониб муносибатҳоро ба сатҳи нав хоҳанд расонид.