Сомон Маҳмадбеков нишони тилои Гран При Душанберо соҳиб шуд

© International Judo FederationТаджикский спортсмен Сомон Махмадбеков
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2023
Обуна шудан
Тоҷикистон давоми ду рӯзи мусобиқаи байналмилалии дзюдо дуввумин медали тилоро соҳиб шуд. Сомон Маҳмадбеков ва Обид Ҷебов муаллифони нишони заррин мебошанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков ҷудокори тоҷик дар рӯзи дуввуми Гран При Душанбе ба хазинаи варзишии кишвар нишони тило овард, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Дар қувваозмоии ниҳоӣ ӯ ҳамватанаш Шодмон Ризоевро шикаст дод ва соҳиби медали тило гардид. Ризоев барандаи медали нуқра шуд.
Зимнан, дар рақобати дигар Беҳрӯз Хоҷазода аз Маҳмадбек Маҳмадбеков шикаст хӯрд ва мақоми дуввумро аз худ кард.
Ифтитоҳи қаҳрамонии ҷудо дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2023
Гран При дар Душанбе ҳамин гуна ҷараён дорад - видео
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқот Обид Ҷебов медали тилло гирифт - дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 66 кг Мурод Чопанови русро шикаст дод.
Ҳамчунин, дар рӯзи дуввуми мусобиқот Меҳрзод Сӯфиев соҳиби ҷоизаи биринҷӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки ғолибону ҷоизадорони "Гран-прии Душанбе-2023" дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз мегарданд. Барандагони медали тилло 3000 евро, барандагони нуқра – 2000 евро ва нишони биринҷӣ – 1000 евро дарёфт хоҳанд кард.
Инчунин, Гран-при Душанбе - 2023 варзишгаронро ба рейтинги офсет барои Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж хол овард. Барои ҷойи 1 - 700 хол, 2 - 490 ва ҷойи 3 - 350 хол илова мегардад.
Лентаи хабарҳо
0