Омӯзгорони тоҷик ройгон дар осоишгоҳҳо истироҳат мекунанд

© Unsplash/Taylor WilcoxКласс детей и учитель
Класс детей и учитель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳукумати Суғд тасмим гирифтааст, ки садҳо омӯзгори нисбатан фаъоли минтақаро ба истироҳати ройгон дар осоишгоҳҳои кишвар таъмин кунад
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Наздик ба 250 омӯзгори макотиби Суғд давраи таътили тобистонаро дар осоишгоҳ хоҳанд гузаронд. Харҷи маблағи осоишгоҳ аз ҳисоби ҳукумати Суғд пардохт мешавад.
Дар ин бора муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, Сайфулло Раҳматов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ин масъули идораи маориф шарҳ дод, ки дар феҳристи беш аз 200 нафараи истироҳаткунандаҳо кадом омӯзгорон шомил карда хоҳанд шуд
"Он омӯзгороне, ки давоми соли таҳсил дар ҷалби бештари хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо саҳми назаррас гузоштаанд. Инчунин омӯзгорони макотибе, ки натиҷаи дохилшавии шогирдонашон ба донишгоҳҳои кишвар назаррас аст, барои истироҳат ба осоишгоҳ роҳҳат дода мешавад" - гуфт, Раҳматов
Новая школа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Қитъаи замин ва кумакпулӣ: Талоши мақомоти Хатлон барои аз байн бурдани норасоии омӯзгорон
Бар пояи иттилоъи манбаъ дар давраи таътили тобистонаи соли равон, 250 омӯзгор аз тариқи роҳхат 12 рӯз ройгон дар истироҳат хоҳанд буд.
Онҳое, ки қаблан аз чунин имтиёз бархӯрдор шудаанд, ба руйхат шомил карда намешаванд. Соли гузашта ҳам ин теъдод омӯзгорон ба осоишгоҳи "Зумрад"-и шаҳри Исфара фиристода шуда буданд.
Масъулони Идораи маориф инро як василаи ҳавасмандии ин қишри ҷомеа медонанд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас дар макотиб машғуланд. Бино ба омори расмӣ зимнан дар вилояти Суғд наздик ба 38 ҳазор омӯзгор дар мактабҳо дарс мегӯянд.
Дар гузашта мавзӯъи муҳоҷиршавии омӯзгорон ва норасоии кадрӣ дар макотиб зиёд расонаӣ мешуд.
Ҳукумати вилояти Суғд ду сол қабл дар бораи ҳавасмандгардонии омӯзгорон аз ҷумла додани заминҳои наздиҳавлигӣ ва тақдими хонаҳои иҷтимоӣ эълон карда буд, аммо то кунун омори мувассақе мавҷуд нест, ки то ҳол чӣ теъдод омӯзгорон аз чунин имтиёзҳо бархӯрдор шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0