Қитъаи замин ва кумакпулӣ: Талоши мақомоти Хатлон барои аз байн бурдани норасоии омӯзгорон

Новая школа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон эълон кардааст, ки ба як зумра омӯзгорони ниёзманд барои бунёди манзили зист қитъаи замин ҷудо намудааст
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи ҷамъбастию натиҷагирии соҳаи маорифи вилояти Хатлон масъалаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот, бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ, бартараф намудани норасоии кадрҳои омўзгорӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии муаллимон баррасӣ шуд.
Дар ин бора Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар додааст.
Дар ин ҷаласа аз ҷумла таъкид шуд, ки дар вилоят бо дастгирии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва соҳибкорон ба як зумра омӯзгорони ниёзманд барои бунёди манзили зист қитъаи замин ҷудо гардид.
“Ҳамчунин ба онҳо кумаки молӣ расонида шуд, ки барои бартараф гардидани норасоии кадрҳои омўзгорӣ, махсусан дар деҳоти вилоят мусоидат намуд. Дар оянда низ баҳри ҳавасмандии омўзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”, - таъкид кардааст Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Дар ин ҷаласа инчунин зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон то соли 2027 қариб 350 муассисаи таълимӣ бо маблағгузории 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Учитель во время урока. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Музди меҳнати беш аз 10 ҳазор омӯзгори ҷавон дар Тоҷикистон зиёд карда шуд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Мақомоти ноҳияи Кӯшониён хабар додааст, ки ба 13 нафар омӯзгорони ноҳия наздиҳавлигӣ тақдим карда буд.
Мақомот гуфта буд то охири соли 2022 беш аз 100 омӯзгори дигар соҳиби замини наздиҳавлигӣ хоҳанд шуд.
Мақомот таъкид карда буд, ки иқдоми мазкур бо мақсади беҳтар намудани вазъу шароити зиндагонии омӯзгорон, бахусус омӯзгорони ҷавон роҳандозӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0