Ҷудокорони тоҷик дар финали Dushanbe Grand Prix 2023

© Федерация дзюдо ТаджикистанаТаджикский дзюдоист Темур Рахимов
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи охири мусобиқаи байналмилалии Dushanbe Grand Prix 2023 аз миёнаи 12 намояндаи Тоҷикистон 2 нафарашон ба сабқат барои медали тило роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ду ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён дар финали "Dushanbe Grand Prix 2023" зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Устопириён барои медали тило дар вазни зери 90 кило бо варзишкори русиягӣ, Элдар Аллахвердиев вориди майдон мешавад.
Дар вазни бештар аз 100 кило Раҳимовро низ Темерлан Башаеви русиягӣ интизор аст.
Маврид ба зикр аст, ки барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ сангинвазнҳои тоҷик Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов зидди ҳам ба майдон омаданд, ки дар натиҷа Мирмамадов шикаст хӯрд.
Шакармамад Мирмамадов бошад, барои медали биринҷӣ бо намояндаи АМА Муҳаммадумар Муҳаммадумаров куштӣ мегирад.
Мухаммад Наимов — таджикский боец смешанных боевых искусств. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2023
Пирӯзии Наимов ва шикасти Ғафуров дар UFC
Қабл аз ин Комроншоҳи Устопириён ҷудокори дигари Тоҷикистон, Ҷаҳонгир Маҷидовро шикаст дода буд ва роҳашро ба финал ҳамвор намуд.
Дар маҷмуъ Тоҷикистонро дар рӯзи охири "Гран При Душанбе - 2023" дар 3 вазн миёни мардҳо 12 варзишгар намояндагӣ карданд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудо Тоҷикистон, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов дар вазни то 90 кг ба майдон баромаданд.
Абубакри Акобир, Исроил Раҳимов, Раҳматулло Мирзоев, Эмомризо Анварзода дар вазни то 100кг Тоҷикистонро намояндагӣ намуданд.
Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Иброҳимҷон Элмуродов, Шакармамад Мирмамадов дар вазни зиёда аз 100кг майдондорӣ карданд, ки бархеяшон шикаст хӯрда, бархеи дигар мубориза барои медалро дар қисмати бегоҳи рӯз идома хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0