Гран При дар Душанбе ҳамин гуна ҷараён дорад - видео

Обуна шудан
Мусобиқаи "Гран При Душанбе -2023" бо ҳузури беш аз 300 варзишгар аз 43 кишвари олам дар пойтахти Тоҷикистон ҷараён дорад
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба муносибати 50-умин солгарди Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҷараён дорад.
Ин мусобиқа аз 2 то 4 июн идома меёбад.Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз 43 кишвари олам иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон дар рӯзи аввали мусобиқаи "Гран При Душанбе-2023" 2 медал - яке тило дар вазни 66 кило ва дигаре биринҷӣ дар вазни то 60 килоро соҳиб шуд.
Нахустин медалҳои Тоҷикистон аз "Гран При Душанбе-2023"
Медали тилоро Обид Ҷебов ва биринҷиро Меҳрзод Суфиев ба хазинаи варзишии кишвар ворид намуданд.
Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.
Лентаи хабарҳо
0