https://sputnik.tj/20230603/olmon-olaf-sholts-durughgu-bandit-khondand-1057531688.html
"Оташандози ҷанг": Шолтс мавриди танқиди олмониҳо қарор гирифт
"Оташандози ҷанг": Шолтс мавриди танқиди олмониҳо қарор гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳангоми суханронӣ дар ҷашнвораи ҲСДО, канслери Олмон кӯшиш кард, ки худро барои кӯмак ба Украина сафед кунад, аммо ӯро ба барангехтани ҷанг муттаҳам карданд 03.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-03T20:26+0500
2023-06-03T20:26+0500
2023-06-03T20:26+0500
дар ҷаҳон
олмон
олаф шолтс
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044961941_0:139:3137:1903_1920x0_80_0_0_0d6868e5f994642e8615be5fc9873333.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Издиҳоми олмониҳо ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Фолкенсеи канслери Олмон Олаф Шолсро таҳқир карданд. Ин ҳодиса дар ҷашнвораи Ҳизби сотсиал-демократи Олмон рух дод, менависад рӯзномаи олмонии Bild. Тамошобинон ӯро ба барангехтани ҷанг айбдор карданд. Наворҳои ин чорабинӣ нишон медиҳанд, ки ҳудуди сад нафар ҳангоми суханронии сиёсатмадор ӯро “дурӯғгӯ” ва “бандит” унвон мекунанд.Садри аъзами Олмон саъй кард, ки ба ҳозирин далелҳоро дар бораи зарурати кумак ба Украина бирасонад, аммо суханронии ӯро издиҳом бо доду фарёд халалдор кард.Рӯзнома қайд мекунад, ки тазоҳуркунандагон парчамҳои ҷаҳонро баланд бардошта, дар баъзе аз онҳо рамзҳои Русия дида мешуданд. Қаблан, Олаф Шолтс ҳангоми сафараш ба Таллин гуфта буд, ки Олмон ба ҳимояти Украина "то даме, ки лозим аст" идома хоҳад дод ва "ин тасмим устувор аст".
https://sputnik.tj/20230322/hersh-sholts-tiramoh-ima-pinhoni-malumot-kumak-1055697711.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044961941_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_86a1de07a23d40ee301a2d608c3d42f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, олмон, олаф шолтс, сиёсат
дар ҷаҳон, олмон, олаф шолтс, сиёсат
"Оташандози ҷанг": Шолтс мавриди танқиди олмониҳо қарор гирифт
Ҳангоми суханронӣ дар ҷашнвораи ҲСДО, канслери Олмон кӯшиш кард, ки худро барои кӯмак ба Украина сафед кунад, аммо ӯро ба барангехтани ҷанг муттаҳам карданд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Издиҳоми олмониҳо ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Фолкенсеи канслери Олмон Олаф Шолсро таҳқир карданд.
Ин ҳодиса дар ҷашнвораи Ҳизби сотсиал-демократи Олмон рух дод, менависад рӯзномаи олмонии Bild.
Тамошобинон ӯро ба барангехтани ҷанг айбдор карданд. Наворҳои ин чорабинӣ нишон медиҳанд, ки ҳудуди сад нафар ҳангоми суханронии сиёсатмадор ӯро “дурӯғгӯ” ва “бандит” унвон мекунанд.
Садри аъзами Олмон саъй кард, ки ба ҳозирин далелҳоро дар бораи зарурати кумак ба Украина бирасонад, аммо суханронии ӯро издиҳом бо доду фарёд халалдор кард.
Рӯзнома қайд мекунад, ки тазоҳуркунандагон парчамҳои ҷаҳонро баланд бардошта, дар баъзе аз онҳо рамзҳои Русия дида мешуданд.
Қаблан, Олаф Шолтс ҳангоми сафараш ба Таллин гуфта буд, ки Олмон ба ҳимояти Украина "то даме, ки лозим аст" идома хоҳад дод ва "ин тасмим устувор аст".