https://sputnik.tj/20230322/hersh-sholts-tiramoh-ima-pinhoni-malumot-kumak-1055697711.html
Ҳерш: Шолтс аз тирамоҳ ба ИМА барои пинҳони маълумотҳо кумак дорад
Ҳерш: Шолтс аз тирамоҳ ба ИМА барои пинҳони маълумотҳо кумак дорад
Sputnik Тоҷикистон
Садриаъзами Олмон аз тирамоҳ то имрӯз ба ИМА барои пинҳон намудани маълумотҳо дар бораи таркиши хатҳои лӯлаи “Маҷрои Шимолӣ” кумак мекуна
2023-03-22T19:50+0500
2023-03-22T19:50+0500
2023-03-22T20:12+0500
има
дар русия
лӯлаи газ
таркиш
олаф шолтс
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1d/1051758387_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_ab3864044818df8a5ce1e890cb37b12e.png
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Рӯзноманигори амрикоӣ Сеймур Ҳерш бо такя ба як манбаъ гуфт, аз тирамоҳ садриаъзами Олмон Олаф Шолс аз талошҳои Вашингтон барои пинҳон кардани маълумот дар бораи таркишҳои “Маҷрои Шимолӣ” кумак мекунад.Ба гуфтаи ӯ, имрӯз суоле боқӣ мемонад, ки оё сиёсатмадори олмонӣ дар бораи тахрибкорӣ пешакӣ маълумот дошт ё на? Бо вуҷуди ин, вай дар бораи талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои пинҳон кардани маълумот дар ин бора даст дорад, таъкид кард журналист."Дар ин лаҳза, бояд қайд кард, ки Шолтс аз тирамоҳи соли гузашта дар пуштибонӣ аз амалиёти маъмурияти Байден дар баҳри Балтика ба таври возеҳ даст доштааст", - гуфт ӯ.Ҳерш хотиррасон кард, ки дар аввали моҳи март садриаъзами Олмон ба ИМА сафар карда буд. Сафари ӯ танҳо ду чорабинии оммавӣ дошт ва на Шолтс ва на президенти ИМА Ҷо Байден бо нишастҳои матбуотӣ баргузор накарданд. Аммо, чунон ки Херш кайд кард, баъдтар дар бораи мулокоти 80-дакикаии ду рохбар маълум шуд. Дар он аксар вақт ҳатто ёрдамчиён иштирок намекарданд. Дар поёни сӯҳбат ҳеҷ изҳороти расмӣ пахш нашуд, аммо ба гуфтаи як манбаъ дар ин дидор сухан дар бораи "ифшои мавзуи лӯлаҳои газ" мерафт.Ҳерш таъкид кард, ки пас аз мулоқоти раҳбарони ду кишвар ба Созмони иттилоотии марказӣ дастур дода шуд, ки якҷо бо хадамоти иктишофии Олмон як гузорише омода кунад, ки ба матбуоти Амрико ва Олмон нигоҳи дигар оид вазъи изтирорӣ дар “Маҷрои Шимолӣ”-ро пешкаш кунад. Тавре ки рӯзноманигор қайд кард, Байден тасмими аблаҳона барои таркондани лӯла қабул кард ва ҳоло маҷбур аст, ки дар ин бора дурӯғ бигӯяд.Дар авохири моҳи сентябри соли гузашта ҳарду лӯлаи гази Русия, ки дар қаъри баҳри Балтик гузошта шуда буданд, “Маҷрои шимолӣ” ва “Маҷрои шимолӣ - 2” бар асари таркиш аз кор боз монданд. Шветсия, Дания ва Олмон тафтишот доранд, аммо то ҳол ба ягон натиҷаи мушаххас нарасидаанд. Кремл вазъи изтирориро амали террористии байналмилалӣ номид.
https://sputnik.tj/20230313/patrushev-farziya-nav-takhribkori-majro-shimol-sharh-1055465220.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1d/1051758387_124:0:861:553_1920x0_80_0_0_9c117a50d9415a12b4c1f5840d94eea0.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, русия, лӯлаи газ, пинҳон, маълумот, маҷрои шимолӣ, олмон, шолтс, садриаъзам
има, русия, лӯлаи газ, пинҳон, маълумот, маҷрои шимолӣ, олмон, шолтс, садриаъзам
Ҳерш: Шолтс аз тирамоҳ ба ИМА барои пинҳони маълумотҳо кумак дорад
19:50 22.03.2023 (Навсозишуда: 20:12 22.03.2023) Садриаъзами Олмон аз тирамоҳ то имрӯз ба ИМА барои пинҳон намудани маълумотҳо дар бораи таркиши хатҳои лӯлаи “Маҷрои Шимолӣ” кумак мекунад
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Рӯзноманигори амрикоӣ Сеймур Ҳерш бо такя ба як манбаъ гуфт, аз тирамоҳ садриаъзами Олмон Олаф Шолс аз талошҳои Вашингтон барои пинҳон кардани маълумот дар бораи таркишҳои “Маҷрои Шимолӣ” кумак мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз суоле боқӣ мемонад, ки оё сиёсатмадори олмонӣ дар бораи тахрибкорӣ пешакӣ маълумот дошт ё на? Бо вуҷуди ин, вай дар бораи талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои пинҳон кардани маълумот дар ин бора даст дорад, таъкид кард журналист.
"Дар ин лаҳза, бояд қайд кард, ки Шолтс аз тирамоҳи соли гузашта дар пуштибонӣ аз амалиёти маъмурияти Байден дар баҳри Балтика ба таври возеҳ даст доштааст", - гуфт ӯ.
Ҳерш хотиррасон кард, ки дар аввали моҳи март садриаъзами Олмон ба ИМА сафар карда буд. Сафари ӯ танҳо ду чорабинии оммавӣ дошт ва на Шолтс ва на президенти ИМА Ҷо Байден бо нишастҳои матбуотӣ баргузор накарданд. Аммо, чунон ки Херш кайд кард, баъдтар дар бораи мулокоти 80-дакикаии ду рохбар маълум шуд. Дар он аксар вақт ҳатто ёрдамчиён иштирок намекарданд. Дар поёни сӯҳбат ҳеҷ изҳороти расмӣ пахш нашуд, аммо ба гуфтаи як манбаъ дар ин дидор сухан дар бораи "ифшои мавзуи лӯлаҳои газ" мерафт.
Ҳерш таъкид кард, ки пас аз мулоқоти раҳбарони ду кишвар ба Созмони иттилоотии марказӣ дастур дода шуд, ки якҷо бо хадамоти иктишофии Олмон як гузорише омода кунад, ки ба матбуоти Амрико ва Олмон нигоҳи дигар оид вазъи изтирорӣ дар “Маҷрои Шимолӣ”-ро пешкаш кунад. Тавре ки рӯзноманигор қайд кард, Байден тасмими аблаҳона барои таркондани лӯла қабул кард ва ҳоло маҷбур аст, ки дар ин бора дурӯғ бигӯяд.
Дар авохири моҳи сентябри соли гузашта ҳарду лӯлаи гази Русия, ки дар қаъри баҳри Балтик гузошта шуда буданд, “Маҷрои шимолӣ” ва “Маҷрои шимолӣ - 2” бар асари таркиш аз кор боз монданд. Шветсия, Дания ва Олмон тафтишот доранд, аммо то ҳол ба ягон натиҷаи мушаххас нарасидаанд. Кремл вазъи изтирориро амали террористии байналмилалӣ номид.