https://sputnik.tj/20230603/kuban-niyat-dorad-ba-bozorhoi-tojikiston-mahsulot-vorid-kunad-1057530238.html
Кубан ният дорад ба бозорҳои Тоҷикистон маҳсулот ворид кунад
Кубан ният дорад ба бозорҳои Тоҷикистон маҳсулот ворид кунад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, гардиши мол миёни ҷумҳурӣ ва Краснодар тибқи маълумоти соли гузашта, 21% афзоиш ёфтааст 03.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-03T17:32+0500
2023-06-03T17:32+0500
2023-06-03T17:32+0500
давлатшоҳ гулмаҳмадзода
краснодар
дар тоҷикистон
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/19/1050939456_0:219:2864:1830_1920x0_80_0_0_77d6a80858a1bf4066f7a3980f580e10.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо як сафари корӣ аз Краснодар дидан кард. Дар ин бора дар дафтари матбуоти маъмурияти кишвари Краснодар хабар дод.Бар хабари манбаъ, дипломати тоҷикро раиси вилоят Вениамин Кондратев ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд. Чунон ки губернатор дар рафти гуфтушунид қайд кард, соли гузашта муомилоти мол байни Кубан ва Точикистон 21 % афзуд.Дар баробари ин ҳар ду тараф мутмаинанд, ки барои афзоиши ин рақам иқтидори қиддӣ мавҷуд аст. Ба гуфтаи ӯ, минтақа ба пешниҳоди маҳсулоти хушсифати Кубан ба бозори Тоҷикистон манфиатдор аст.Гулмаҳмадзода ёдовар шуд, ки аллакай беш аз 300 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ оид ба ҳамкорӣ бо Русия ба имзо расидааст. Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар самти робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва тандурустӣ, кишоварзӣ ҳамкории бештар ба роз моннанд. Қаблан сафири Тоҷикистон бо Сергей Меликов, раиси ҷумҳури Доғистон, дурнамои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карда буд.
https://sputnik.tj/20230531/tojikiston-doghiston-hamkoriho-tijorat-iqtisod-gustarish-1057453445.html
краснодар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/19/1050939456_67:0:2798:2048_1920x0_80_0_0_974c8e1800965ecc1e9b3aab4b3ea160.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
давлатшоҳ гулмаҳмадзода, краснодар, дар тоҷикистон, дар русия, сиёсат
давлатшоҳ гулмаҳмадзода, краснодар, дар тоҷикистон, дар русия, сиёсат
Кубан ният дорад ба бозорҳои Тоҷикистон маҳсулот ворид кунад
Сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, гардиши мол миёни ҷумҳурӣ ва Краснодар тибқи маълумоти соли гузашта, 21% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо як сафари корӣ аз Краснодар дидан кард.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти маъмурияти кишвари Краснодар хабар дод.
Бар хабари манбаъ, дипломати тоҷикро раиси вилоят Вениамин Кондратев ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.
Чунон ки губернатор дар рафти гуфтушунид қайд кард, соли гузашта муомилоти мол байни Кубан ва Точикистон 21 % афзуд.
Дар баробари ин ҳар ду тараф мутмаинанд, ки барои афзоиши ин рақам иқтидори қиддӣ мавҷуд аст.
"Мо бояд ин равандро фаъол созем, ба соҳибкорон нуқтаи ибтидоӣ диҳем ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро якҷоя ба роҳ монем. Барои ин ман пешниҳод мекунам, ки табодули миссияҳои тиҷорӣ анҷом дода шавад", - гуфт Кондратев.
Ба гуфтаи ӯ, минтақа ба пешниҳоди маҳсулоти хушсифати Кубан ба бозори Тоҷикистон манфиатдор аст.
Гулмаҳмадзода ёдовар шуд, ки аллакай беш аз 300 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ оид ба ҳамкорӣ бо Русия ба имзо расидааст.
Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар самти робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва тандурустӣ, кишоварзӣ ҳамкории бештар ба роз моннанд. Қаблан сафири Тоҷикистон бо Сергей Меликов, раиси ҷумҳури Доғистон, дурнамои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карда буд.