https://sputnik.tj/20230531/tojikiston-doghiston-hamkoriho-tijorat-iqtisod-gustarish-1057453445.html
Тоҷикистону Доғистон ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш медиҳанд
Тоҷикистону Доғистон ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамчунин, Тоҷикистон бо ин минтақа дар соҳаҳои маорифу варзиш ва кишоварзӣ низ ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳад монд 31.05.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-05-31T12:18+0500
2023-05-31T12:18+0500
2023-05-31T12:24+0500
дар тоҷикистон
доғистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/80/1030068013_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_8ff38d4e6c94bb5aa54cfc99f6c898ce.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси Доғистон Сергей Меликов дар мавриди густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва омӯзишӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медищад ТАСС.Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо ташкили корхонаҳои муштарак ва гузарондани чорабиниҳои якҷояи варзиширо муҳокима карданд.Дар идома, Гулмаҳмадзода ва Меликов доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф низ ба мувофиқа расиданд."Мушкилоти аслӣ таҳсилот аст. Ман хеле миннатдорам, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни кишвари мо дар донишгоҳҳои мухталифи Русия таҳсил мекунанд. Дар маҷмӯъ, беш аз 30 ҳазор нафар, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии Доғистон таҳсил мекунанд", - афзуд дипломати тоҷик.Зимнан, раиси Доғистон изҳор намуд, ки минтақа бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамкориҳои ояндадорро баррасӣ мекунад. Сарвари Доғистон аз сафир барои табодули таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гӯсфандпарварӣ ва пахтакорӣ даъват кардааст. Интизор меравад, рӯзи 31 май сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии Доғистон дар Маҳачқалъа ва Дарбент боздид кунад ва дар он ҷо мавзеъҳои сайёҳии шаҳрро аз назар гузаронад.
https://sputnik.tj/20230530/safir-tojikiston-hamkori-doghiston-1057443871.html
доғистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/80/1030068013_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_891166ac14bb6fe341ba7bad3acc216e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, доғистон
Тоҷикистону Доғистон ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш медиҳанд
12:18 31.05.2023 (Навсозишуда: 12:24 31.05.2023) Ҳамчунин, Тоҷикистон бо ин минтақа дар соҳаҳои маорифу варзиш ва кишоварзӣ низ ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳад монд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси Доғистон Сергей Меликов дар мавриди густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва омӯзишӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медищад ТАСС.
Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо ташкили корхонаҳои муштарак ва гузарондани чорабиниҳои якҷояи варзиширо муҳокима карданд.
"Мо ба таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла бо тоҷирони Доғистон бунёди корхонаҳои муштарак манфиатдорем. Соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ба 700 млн доллар расид", - изҳор дошт сафири Тоҷикистон.
Дар идома, Гулмаҳмадзода ва Меликов доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф низ ба мувофиқа расиданд.
"Мушкилоти аслӣ таҳсилот аст. Ман хеле миннатдорам, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни кишвари мо дар донишгоҳҳои мухталифи Русия таҳсил мекунанд. Дар маҷмӯъ, беш аз 30 ҳазор нафар, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии Доғистон таҳсил мекунанд", - афзуд дипломати тоҷик.
Зимнан, раиси Доғистон изҳор намуд, ки минтақа бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамкориҳои ояндадорро баррасӣ мекунад. Сарвари Доғистон аз сафир барои табодули таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гӯсфандпарварӣ ва пахтакорӣ даъват кардааст.
Интизор меравад, рӯзи 31 май сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии Доғистон дар Маҳачқалъа ва Дарбент боздид кунад ва дар он ҷо мавзеъҳои сайёҳии шаҳрро аз назар гузаронад.