Нахустин медалҳои Тоҷикистон аз "Гран При Душанбе-2023"

© SputnikГран-при по дзюдо в Душанбе
Гран-при по дзюдо в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
Обуна шудан
Тоҷикистон дар рӯзи аввали мусобиқаи "Гран При Душанбе-2023" 2 медал - яке тило дар вазни 66 кило ва дигаре биринҷӣ дар вазни то 60 килоро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Обид Ҷебов барои Тоҷикистон дар мусобиқаи "Гран При Душанбе-2023" медали тило овард.
Ба иттилои ФҶТ, Ҷебов дар вазни 66 кило бо варзишкори русиягӣ, Мурод Чапанов вориди сабқат шуда, пирӯз баромад.
Дар вазни то 60 кило намояндаи Тоҷикистон соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар ин вазн ҷудокори русиягӣ Рамазон Абдуллоев мақоми аввалу нишони тило, Туран Байрамов аз Озарбойҷон нишони нуқра, Меҳрзод Суфиев аз Тоҷикистон ва Лука Мхеидзе аз Фаронса нишони биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳарифи варзишкори дигари Тоҷикистон, Қуватов Муҳаммадсолеҳ ҷудокори фаронсавӣ Лука Мхаидзе буд. Дар ин сабқат Мхаидзе баранда шуда, Қувватов ҷои 5-ум гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи аввали мусобиқаи "Гран При Душанбе-2023" ҷудокорони зану мард дар вазнҳои то 66 кило сабқат карданд. Дар даври аввал, ҷудокори тоҷик, Эмомалии Нуралӣ шикаст хӯрд.
Росийский боец Ислам Махачев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
Қаҳрамони UFC аз Русия меҳмони Тоҷикистон шуд
Бонуи паҳлавони тоҷик, Мадина Қурбонзода, ки ҳамагӣ 15 сол дорад, дар "Гран При Душанбе-2023" ҳунарнамоӣ карда, 3 пирӯзӣ ба даст оварду то даври чорякниҳоӣ расид.
ФҶТ бо таассуф таъкид кард, ҷудокори навраси тоҷик, Мадина дар даври ниманиҳоӣ шикаст хурда, дар мусобиқа барои нишони биринҷӣ дар даври тасалобахш низ мағлуб гардид.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии "Гран При Душанбе-2023", ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 кишвари олам иштирок доранд.
Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.
Лентаи хабарҳо
0