Се паҳлавони тоҷик барои нишон дар Душанбе зӯр меозмоянд

© SputnikГран-при по дзюдо в Душанбе
Гран-при по дзюдо в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
Обуна шудан
Аз миёни намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "Гран При Душанбе-2023" дар рӯзи аввал барои медал 3 ҷудокор сабқат мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ҷудокори шинохтаи тоҷик, Обид Ҷебов ба финали "Гран При Душанбе-2023" баромад, иттилоъ дод Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Ҷебов барои нишони тило дар вазни то 66-кило бо Мурод Чапанов зӯрозмоӣ мекунад.
Инчунин паҳлавонони дигари тоҷик Суфиев Меҳрзод ва Қуватов Муҳаммадсолеҳ барои нишони биринҷи "Гран При Душанбе-2023" мубориза мебаранд.
Ҳарифи Қуватов Муҳаммадсолеҳ ҷудокори фаронсавӣ Лука Мхаидзе ва ҳарифи Меҳрзод Суфиев ҷудокори итолёвӣ Андреа Карлино мебошанд, афзуд Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи аввали мусобиқаи "Гран При Душанбе-2023" ҷудокорони зану мард дар вазнҳои то 66 кило сабқат карданд. Дар даври аввал, ҷудокори тоҷик, Эмомалии Нуралӣ шикаст хӯрд.
Росийский боец Ислам Махачев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
Қаҳрамони UFC аз Русия меҳмони Тоҷикистон шуд
Бонуи паҳлавони тоҷик, Мадина Қурбонзода, ки ҳамагӣ 15 сол дорад, дар "Гран При Душанбе-2023" ҳунарнамоӣ карда, 3 пирӯзӣ ба даст оварду то даври чорякниҳоӣ расид.
ФҶТ бо таассуф таъкид кард, ҷудокори навраси тоҷик, Мадина дар даври ниманиҳоӣ шикаст хурда, дар мусобиқа барои нишони биринҷӣ дар даври тасалобахш низ мағлуб гардид.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии "Гран При Душанбе-2023", ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 кишвари олам иштирок доранд.
Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.
Ба ин муносибат, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визерро низ дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳомн мулоқот дошт.
Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Мариус Визерро алоқамандиро барои ҳамкориҳои самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо баён доштаст.
Лентаи хабарҳо
0