Қаҳрамони UFC аз Русия меҳмони Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкРосийский боец Ислам Махачев
Росийский боец Ислам Махачев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
Обуна шудан
Размикори русиягӣ, қаҳрамони UFC дар вазни сабук бо даъвати президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Қаҳрамони UFC, Ислом Махачев меҳмони фахрии "Гран При Душанбе-2023" мебошад, иттилоъ дод Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Махачев ба Душанбе бо даъвати роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон омада, дар баробари тамошои чорабинии варзишӣ, инчунин, аз ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид мекунад.
Дар мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии "Гран При Душанбе-2023", ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 кишвари олам иштирок доранд.
Tashkent Grand Slam - спортсмены от Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Рақибони ҷудокорони тоҷик дар Гран Прии Душанбе маълум шуданд
Ба ин муносибат, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визерро низ дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳомон мулоқот дошт.
Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир гардида истодааст, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.
Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Мариус Визерро алоқамандиро барои ҳамкориҳои самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо баён доштаст.
Таъкид шуд, ки пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ омода буда, аз тарафи ҳукумати кишвар барои рушди риштаи гуштини ҷудо тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0