https://sputnik.tj/20230602/rahmon-shirkat-nishast-osiyo-markazi-avrupo-qirghiziston-1057493478.html
Раҳмон барои ширкат дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба Қирғизистон рафт
Раҳмон барои ширкат дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба Қирғизистон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндаи аршади Иттиҳодияи Аврупо ҳамкориҳои сиёсию иқтисодб ва дигар мавзуоти муҳими рӯзмарраро баррасӣ мекунанд
2023-06-02T09:41+0500
2023-06-02T09:41+0500
2023-06-02T09:41+0500
эмомалӣ раҳмон
нишаст
ом
иа
қирғизистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/05/1030180591_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_c9c504da7b6a36e2f661a4182df5e876.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ вориди Қирғизистон шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Чолпон-Отаи ҷумҳурии ҳамсоя раҳбари кишвар дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард. Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси порлумон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода гусел карданд. Илова бар ин, ба ҳайати раисиҷумҳур Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, Неъматулло Ҳикматуллозода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Завқизода Завқӣ Амин, вазири рушди иқтисод ва савдо шомиланд. Қаблан ба Sputnik Тоҷикистон, хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дар бораи сафари кории раҳбари кишвар ба Қирғизистонро тасдиқ кард. Онҳо гуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Дигар мулоқотҳои дуҷониба низ дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки дар ин ҳамоиш ба ҷуз раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ҳамчунин муъовини раиси Девони вазирони Туркманистон ширкат хоҳанд кард. Барномаи чорабинӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитариро дар бар мегирад. Инчунин аз руи масъалахои муҳими рузномаи байналхалқӣ мубодилаи афкор барпо мегардад.
https://sputnik.tj/20230511/rahmon-davat-berdimuhammadov-bozdid-ashqobod-1057040410.html
ом
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/05/1030180591_109:0:2840:2048_1920x0_80_0_0_d553ccd9f04e9d2c70cd4b091a63d8c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон қирғизистон сафар сабаб
раҳмон қирғизистон сафар сабаб
Раҳмон барои ширкат дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба Қирғизистон рафт
Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндаи аршади Иттиҳодияи Аврупо ҳамкориҳои сиёсию иқтисодб ва дигар мавзуоти муҳими рӯзмарраро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ вориди Қирғизистон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Чолпон-Отаи ҷумҳурии ҳамсоя раҳбари кишвар дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси порлумон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода гусел карданд.
Илова бар ин, ба ҳайати раисиҷумҳур Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, Неъматулло Ҳикматуллозода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Завқизода Завқӣ Амин, вазири рушди иқтисод ва савдо шомиланд.
Қаблан ба Sputnik Тоҷикистон, хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дар бораи сафари кории раҳбари кишвар ба Қирғизистонро тасдиқ кард.
Онҳо гуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Дигар мулоқотҳои дуҷониба низ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ин ҳамоиш ба ҷуз раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ҳамчунин муъовини раиси Девони вазирони Туркманистон ширкат хоҳанд кард.
Барномаи чорабинӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитариро дар бар мегирад. Инчунин аз руи масъалахои муҳими рузномаи байналхалқӣ мубодилаи афкор барпо мегардад.