Раҳмон даъвати Бердимуҳаммадов барои боздид аз Ашқободро пазируфт

Обуна шудан
Президент дар вақти муносиб ба Ишқобод сафар мекунад ва дар навбати худ интизори сафари, раиси Шӯрои мардумӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Душанбе аст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистонро барои боздид аз Ишқобод пазируфт.
Дар ин бора рӯзномаи расмии “Туркманистони бетараф” ("Нейтральный Туркменистан") хабар медиҳад.
Раисиҷумҳури Туркманистон аз раисиҷумҳури Тоҷикистон даъват кард, ки пас аз анҷоми музокирот дар фурсати барояш мувофиқ ба кишвараш сафар кунад.
Санаи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Рустами Эмомалӣ интизорияшро аз сафари Бердимуҳаммадов ба Душанбе баён дошт
Раҳмон ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон мунтазири сафари расмии пешвои миллии мардуми туркман, раиси Шӯрои мардумӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Душанбе аст.
Зимнан зикр гардид, ки моҳи майи соли 2022 раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аллакай нахустин сафари худро ба Туркманистон анҷом дода буд.
Ёдовар мешавем, ки Сардор Бердимуҳаммадов рӯзҳои 10-11 май бо нахустин сафари давлатӣ дар Душанбе қарор дорад.
Раҳмон қаблан ин дидорро як рӯйдоди муҳим дар 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатии ду кишвар хонд.
Лентаи хабарҳо
0