https://sputnik.tj/20230602/pinhon-shavdar-internet-zelenskiro-az-oqibathoi-izhorot-dar-borai-rusiya-hushdor-dodand-1057498894.html
"Пинҳон шав": дар интернет Зеленскийро аз оқибатҳои изҳорот дар бораи Русия ҳушдор доданд
"Пинҳон шав": дар интернет Зеленскийро аз оқибатҳои изҳорот дар бораи Русия ҳушдор доданд
Sputnik Тоҷикистон
Корбарони Twitter Зеленскиро қаллоб унвон карда, маслиҳат доданд, ки пас аз изҳоротҳояш дар бораи Федератсия Русия пинҳон шавад
2023-06-02T11:08+0500
2023-06-02T11:08+0500
2023-06-02T11:33+0500
украина
интернет
корбарон
има
дар ҷаҳон
шабакаи твиттер
владимир зеленский
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049185525_0:0:1042:586_1920x0_80_0_0_dc9e13029ea56500f375b239e5d58376.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Корбарони Twitter ба навиштаи раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар бораи пуштибонии Украина аз ҷониби Ғарб баҳои манфӣ доданд. "Ман ба ҳамаи раҳбарон, ба ҳамаи кишварҳое, ки аз мо пуштибонӣ мекунанд, ташаккур мегӯям. Ба ҳамаи сарбозони мо ташаккур мегӯям. Ба ҳамаи онҳое, ки сарбозони моро таълим медиҳанд, ташаккур мегӯям. Ба онҳое, ки ба мо бо силоҳ кӯмак мекунанд. Онҳое, ки қаҳрамонони моро пас аз захмӣ шифо мебахшанд", - навиштааст раҳбари Украина дар микроблогаш. Ӯ ҳамчунин ба ҳар касе, ки дар муқобила ба Русия бо Киев "китф ба китф" меравад, ташаккур гуфт.Аммо хонандагони сафҳаи президенти Украина ба суханони ӯ шубҳа доштанд. "Онҳо туро дӯст намедоранд, бародар", навиштааст I_am_oricha. "Бо чунин дӯстон душман лозим нест", - гуфт Tȟatȟáŋka Íyotakenours. "Хомӯш шав, ҷинояткори ашаддӣ ва ҷангҷӯ. Шумо ҳеҷ гоҳ ба Иттиҳодияи Аврупо ё НАТО дохил нахоҳед шуд. Мо ҳама корро мекунем, то ин корро пешгирӣ кунем",- ҳушдор додааст Karsten Fries."Вай худро Наполеон мешуморад, аммо дар асл ин" ефрейтор" танҳо як лӯхтаки Иёлоти Муттаҳида аст, ки ҳатто дар хориҷа барои он суханронӣ навишта мешаванд. Нақши ӯ хондани матн аз суфлер аст",- гуфт AleX. "Аз ҷониби амрикоиҳои ҳақиқӣ ягон дастгирие нест",- шарҳ дод Pennybelle. "Чаро шумо ба ҷои ҳалли мушкилот бо музокирот бо мухолифон кишваратонро хароб мекунед?" — пурсид корбари дигаре. "Ҳеҷ кас сабаберо номбар карда наметавонад, ки чаро ту барои ман муфид бошӣ", - гуфт AbbeScott."Ташаккур ба Иёлоти Муттаҳида ва шарикони аврупоӣ барои несту нобуд кардани мардуми Украина", - гуфт Evgeniy Karmanov. "Ту яке аз калонтарин қаллобон дар ҷаҳон ҳастӣ!",- гуфтааст бо хашм Broncos1980. "Хуб пинхон шав, нашъаманд. Ба зудӣ навбати шумо хоҳад расид", - огоҳ кард Perteneciente al Sur. Қаблан Дмитрий Табачник, вазири пешини илм ва маорифи Украина Зеленскийро аватари як гурӯҳи тоҷирону олигархҳои бадхоҳ ва бераҳм номид, ки вазифаи онҳо пинҳон кардани фаъолияти худ аз мардум аст.
https://sputnik.tj/20230601/umed-zelenskiy-vorid-shudan-ukraina-nato-kam-1057492638.html
https://sputnik.tj/20230602/ukraina-ideya-muzokirot-maskav-kiev-sukhan-1057496804.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049185525_115:0:1042:695_1920x0_80_0_0_9600cec1a3a35ab878250de032ba1a4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский изҳорот русия ҳушдор
зеленский изҳорот русия ҳушдор
"Пинҳон шав": дар интернет Зеленскийро аз оқибатҳои изҳорот дар бораи Русия ҳушдор доданд
11:08 02.06.2023 (Навсозишуда: 11:33 02.06.2023) Корбарони Twitter Зеленскиро қаллоб унвон карда, маслиҳат доданд, ки пас аз изҳоротҳояш дар бораи Федератсия Русия пинҳон шавад
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Корбарони Twitter ба навиштаи раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар бораи пуштибонии Украина аз ҷониби Ғарб баҳои манфӣ доданд.
"Ман ба ҳамаи раҳбарон, ба ҳамаи кишварҳое, ки аз мо пуштибонӣ мекунанд, ташаккур мегӯям. Ба ҳамаи сарбозони мо ташаккур мегӯям. Ба ҳамаи онҳое, ки сарбозони моро таълим медиҳанд, ташаккур мегӯям. Ба онҳое, ки ба мо бо силоҳ кӯмак мекунанд. Онҳое, ки қаҳрамонони моро пас аз захмӣ шифо мебахшанд", - навиштааст раҳбари Украина дар микроблогаш.
Ӯ ҳамчунин ба ҳар касе, ки дар муқобила ба Русия бо Киев "китф ба китф" меравад, ташаккур гуфт.
Аммо хонандагони сафҳаи президенти Украина ба суханони ӯ шубҳа доштанд.
"Онҳо туро дӯст намедоранд, бародар", навиштааст I_am_oricha.
"Бо чунин дӯстон душман лозим нест", - гуфт Tȟatȟáŋka Íyotakenours.
"Хомӯш шав, ҷинояткори ашаддӣ ва ҷангҷӯ. Шумо ҳеҷ гоҳ ба Иттиҳодияи Аврупо ё НАТО дохил нахоҳед шуд. Мо ҳама корро мекунем, то ин корро пешгирӣ кунем",- ҳушдор додааст Karsten Fries.
"Вай худро Наполеон мешуморад, аммо дар асл ин" ефрейтор" танҳо як лӯхтаки Иёлоти Муттаҳида аст, ки ҳатто дар хориҷа барои он суханронӣ навишта мешаванд. Нақши ӯ хондани матн аз суфлер аст",- гуфт AleX.
"Аз ҷониби амрикоиҳои ҳақиқӣ ягон дастгирие нест",- шарҳ дод Pennybelle.
"Чаро шумо ба ҷои ҳалли мушкилот бо музокирот бо мухолифон кишваратонро хароб мекунед?" — пурсид корбари дигаре.
"Ҳеҷ кас сабаберо номбар карда наметавонад, ки чаро ту барои ман муфид бошӣ", - гуфт AbbeScott.
"Ташаккур ба Иёлоти Муттаҳида ва шарикони аврупоӣ барои несту нобуд кардани мардуми Украина", - гуфт Evgeniy Karmanov.
"Ту яке аз калонтарин қаллобон дар ҷаҳон ҳастӣ!",- гуфтааст бо хашм Broncos1980.
"Хуб пинхон шав, нашъаманд. Ба зудӣ навбати шумо хоҳад расид", - огоҳ кард Perteneciente al Sur.
Қаблан Дмитрий Табачник, вазири пешини илм ва маорифи Украина Зеленскийро аватари як гурӯҳи тоҷирону олигархҳои бадхоҳ ва бераҳм номид, ки вазифаи онҳо пинҳон кардани фаъолияти худ аз мардум аст.