https://sputnik.tj/20230602/malum-chand-fisad-rusho-putin-etimod-1057505007.html
Маълум шуд, ки чанд фисади русҳо ба Путин эътимод доранд
Маълум шуд, ки чанд фисади русҳо ба Путин эътимод доранд
Sputnik Тоҷикистон
Русиягиҳо назарашонро дар мавриди он, ки то чӣ ҳад ба роҳбари давлаташон бовар доранду то чӣ ҳад ӯ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш мебарояд, баён доштанд
2023-06-02T14:55+0500
2023-06-02T14:55+0500
2023-06-02T14:55+0500
русия
владимир путин
эътимод
назарсанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056713304_0:72:2106:1257_1920x0_80_0_0_9e90ff8d6f1a2cdc510a4230d44c246b.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ҳудуди 80%-и русиягиҳо ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эътимод доранд, бармеояд аз натиҷаи наазарпурсии бунёди "Афкори омма".Ҳамчунин ҳудуди ва 76,3% бар ин боваранд, ки ӯ дар мақомаш хуб кор мекунад.Тибқи маълумоти нашршуда, дар посух ба ин суол, ки оё онҳо умуман фаъолияти раисиҷумҳури Русияро тасдиқ мекунанд ё напазируфтанд, 76,3% гуфтаанд, розӣ ҳастанд, 13,7% розӣ нестанд. Илова бар ин, 80% пурсидашудагон гуфтаанд, ки ба Путин эътимод доранд, 15,8% пурсидашудагон бовар надоранд.Пурсиш байни русҳо, ки синнашон аз 18 боло аст, рӯзҳои 22-28 майи соли 2023 бо усули мусоҳибаи телефонӣ гузаронида шудааст.Дар он 1600 нафар аз пурсидашудагон, ки дар 104 минтақаи аҳолинишин, шаҳру деҳоти 53 субъекти Русия зиндагӣ мекунанд, ширкат намудаанд.Маврид ба зикр аст, ки қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд.Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард.
https://sputnik.tj/20230312/muarrikh-faronsa-furuposhi-ijshs-peshgui-hadaf-putin-1055438375.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056713304_168:0:1939:1328_1920x0_80_0_0_ae2d0bbdde55e3ca970cf4d9aa18e2c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русҳо путин эътимод назарсанҷӣ
русҳо путин эътимод назарсанҷӣ
Маълум шуд, ки чанд фисади русҳо ба Путин эътимод доранд
Русиягиҳо назарашонро дар мавриди он, ки то чӣ ҳад ба роҳбари давлаташон бовар доранду то чӣ ҳад ӯ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш мебарояд, баён доштанд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ҳудуди 80%-и русиягиҳо ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эътимод доранд, бармеояд аз натиҷаи наазарпурсии бунёди "Афкори омма".
Ҳамчунин ҳудуди ва 76,3% бар ин боваранд, ки ӯ дар мақомаш хуб кор мекунад.
Тибқи маълумоти нашршуда, дар посух ба ин суол, ки оё онҳо умуман фаъолияти раисиҷумҳури Русияро тасдиқ мекунанд ё напазируфтанд, 76,3% гуфтаанд, розӣ ҳастанд, 13,7% розӣ нестанд.
Илова бар ин, 80% пурсидашудагон гуфтаанд, ки ба Путин эътимод доранд, 15,8% пурсидашудагон бовар надоранд.
Пурсиш байни русҳо, ки синнашон аз 18 боло аст, рӯзҳои 22-28 майи соли 2023 бо усули мусоҳибаи телефонӣ гузаронида шудааст.
Дар он 1600 нафар аз пурсидашудагон, ки дар 104 минтақаи аҳолинишин, шаҳру деҳоти 53 субъекти Русия зиндагӣ мекунанд, ширкат намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд.
Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард.