https://sputnik.tj/20230602/javonon-davatnomai-khidmati-harbi-1057500448.html
Анҷоми даъвати баҳории наваскарон дар Тоҷикистон
Анҷоми даъвати баҳории наваскарон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷамъбасти даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хабар дод
2023-06-02T11:46+0500
2023-06-02T11:46+0500
2023-06-02T11:46+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
хизмати ҳарбӣ
наваскарон
суғд
хатлон
вазорати мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1c/1057403047_0:106:2047:1257_1920x0_80_0_0_15bfb3c0418d4d98657b3f2269e72c9b.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар соли равон 100% иҷро шуд, иттилоъ дод Вазорати мудофии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005, ки моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, ба анҷом расид."Масъулини комиссияҳои даъватии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои ҳудуди минтақаи Рашт дар рӯзи нахустини даъват ва чаҳор навоҳии пойтахт бошад, то охири моҳи апрели соли равон нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуданд", - омадааст дар иттилоия. Вазорати мудофиа афзуд, ки бо ҳамин тартиб то 31-уми майи соли 2023 вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ оид ба иҷрои нақшаи пешбинигардида гузориш доданд.Ин ниҳод таъкид кардааст, ки тайи солҳои охир пуррагардонии сафҳои ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат аз ҳисоби ҷавонписарони матиниродаву ватандӯст, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, афзоиш ёфтааст. Вазорат зикр намудааст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад.Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши миллӣ аз 1 апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад. Даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба поён мерасад.
https://sputnik.tj/20230527/farzandoni-mansabdoron-khujand-artish-1057389167.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1c/1057403047_115:0:1932:1363_1920x0_80_0_0_c261057b151be22000eef0e787c694be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, даъват, баҳорӣ, наваскарон, фоиз, иҷро
нақша, даъват, баҳорӣ, наваскарон, фоиз, иҷро
Анҷоми даъвати баҳории наваскарон дар Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷамъбасти даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар соли равон 100% иҷро шуд, иттилоъ дод Вазорати мудофии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005, ки моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, ба анҷом расид.
"Масъулини комиссияҳои даъватии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои ҳудуди минтақаи Рашт дар рӯзи нахустини даъват ва чаҳор навоҳии пойтахт бошад, то охири моҳи апрели соли равон нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати мудофиа афзуд, ки бо ҳамин тартиб то 31-уми майи соли 2023 вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ оид ба иҷрои нақшаи пешбинигардида гузориш доданд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки тайи солҳои охир пуррагардонии сафҳои ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат аз ҳисоби ҷавонписарони матиниродаву ватандӯст, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, афзоиш ёфтааст.
Вазорат зикр намудааст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад.
Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши миллӣ аз 1 апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад. Даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба поён мерасад.