Фарзандони мансабдорон дар Хуҷанд ба артиш рафтанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанКазарма пограничной базы Государственного комитета национальной безопасности РТ
Казарма пограничной базы Государственного комитета национальной безопасности РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2023
Обуна шудан
Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилояти Суғд бо иштироки мақомдорону волидон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Аз 50 нафар наваскаре, ки дар маъракаи даъвати баҳорӣ ихтиёрӣ аз шаҳри Хуҷанд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастаанд, дар маросими ботантана савганд ёд карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, аз ҷумла дар ин маросим 45 нафар фарзандони шахсони мансабдор ба ҳайси наваскар савганд ёд кардаанд.
Муовини раиси вилоят Даврон Зоҳидзода бо сухани табрикӣ баромад намуда, ба наваскарон дар адои иҷрои қарзи ҷавонмардӣ сарбаландиву комёбӣ таманно намуд.
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Ду минтақаи Суғд аз иҷрои нақшаи даъвати наваскарон хабар дод
"Дар тантанаи савгандёдкунии наваскарон зери оҳангу навоҳои марғуб наваскарон мерақсиданду шодмонӣ доштанд. Барномаи консертии фарҳангиёни вилоят анҷомбахши чорабинӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Қаблан додситони кулли ҷумҳурӣ, Юсуф Раҳмон ва котиби шӯрои амнияти кишвар Насрулло Маҳмудзода зимни боздид аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо фаъолон дар шаҳри Конибодом таъкид гардид.
Ба иттилои додситони кулли Тоҷикистон, дар ин самт шаҳри Конибодом нисбати дигар минтақаҳои шимоли ҷумҳурӣ фаъол мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҷараён дошта, то охири моҳи май идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0