Эрон то нимаи тобистон узви комилҳуқуқи СҲШ мешавад

© Sputnik / Александр ЮрьевТегеран,, архивное фото
Тегеран,, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
Обуна шудан
Дар бораи таҳкими ниҳоии мақоми узви Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раисиҷумҳур Иброҳим Раиси эълон хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазири хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён гуфт, Эрон то нимаи тобистон узви комилҳуқуқи СҲШ мешавад.
Суханони ӯро хабаргузории маҳаллии Nour News иқтибос овардааст.
Ба гуфтаи ӯ, охирин қатъномаи порлумонҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар бораи узвияти Эрон дар ин иттиҳодия дар авохири моҳи май ба тасвиб расида буд.
"Бо иштироки раисиҷумҳури Эрон Раисӣ (эълон мешавад - идора) Эрон ниҳоят узви доимии СҲШ мегардад", - афзуд Абдуллоҳиён.
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳур Иброҳим Раисӣ хостори коҳиши доллар ва даст кашидан аз воридоти маҳсулоте шуд, ки ҳамтои он дар дохили кишвар тавлид мешавад.
Эрон хостори иштирок дар размоишҳо бо кишварҳои СҲШ шуд
Раисӣ аҳамияти иҷрои нақшаҳои беқурбшавии доллар ва тавсеаи истифодаи пули миллӣ, риали Эронро таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0