https://sputnik.tj/20230428/eron-khostor-hamkori-beshtar-kishvar-shsh-1056763286.html
Эрон хостори иштирок дар размоишҳо бо кишварҳои СҲШ шуд
Эрон хостори иштирок дар размоишҳо бо кишварҳои СҲШ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдори баландпояи низомии Эрон аз талошҳои Ғарб барои эҳёи ҷаҳони якқутбӣ гуфт, ки ба ҳамин восита мехоҳад мавқеи ҳукмфармоиро ҳифз намояд
2023-04-28T21:30+0500
2023-04-28T21:30+0500
2023-04-28T21:30+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
ҳамкорӣ
размоиш
вазир
вазорати мудофиа
сҳш
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/15/1054393248_0:0:3305:1859_1920x0_80_0_0_2cf800782ec423cf08ca2ad5bb34e1af.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Эрон ният дорад, ки бештар дар размоишҳо, махсусан тамринҳои баҳрӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат кунад. Ба иттилои хабаргузории Tasnim, ин нуктаро вазири дифои Эрон, Муҳаммадризо Аштиёнӣ дар нишасти сарони вазоратҳои дифои кишварҳои узви ин созмон дар Деҳлии Нав изҳор дошт.Вай табодули бештари иттилоотро дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм зарур арзёбӣ кард.Вазири мудофиаи Эрон ҳамчунин аз талошҳои Ғарб барои эҳёи ҷаҳони якқутбӣ гуфт, ки ба ҳамин восита мехоҳад мавқеи ҳукмфармоиро ҳифз намоядҚаблан раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ таъкид намуда буд, ки фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад.Ба эътиқоди ӯ, нуфузи Эрон дар ҷаҳон ва минтақа дар ҳамкорӣ бо дӯстон афзоиш хоҳад ёфт. "Мо дар рушди равобит бо Русия ва дигар кишварҳо ҷиддӣ ҳастем", - афзуд ӯ.СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
https://sputnik.tj/20230428/sharh-shoygu-ehtimol-tezutundshavii-osiyo-miyona-1056750530.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/15/1054393248_70:0:2793:2042_1920x0_80_0_0_ef301f9fe8930ac43cbfd7d44dda9122.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасмим, теҳрон, ҳамкорӣ, кишвар, смм, эрон, вазири мудофиа
тасмим, теҳрон, ҳамкорӣ, кишвар, смм, эрон, вазири мудофиа
Эрон хостори иштирок дар размоишҳо бо кишварҳои СҲШ шуд
Мақомдори баландпояи низомии Эрон аз талошҳои Ғарб барои эҳёи ҷаҳони якқутбӣ гуфт, ки ба ҳамин восита мехоҳад мавқеи ҳукмфармоиро ҳифз намояд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Эрон ният дорад, ки бештар дар размоишҳо, махсусан тамринҳои баҳрӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат кунад.
Ба иттилои хабаргузории Tasnim, ин нуктаро вазири дифои Эрон, Муҳаммадризо Аштиёнӣ дар нишасти сарони вазоратҳои дифои кишварҳои узви ин созмон дар Деҳлии Нав изҳор дошт.
Вай табодули бештари иттилоотро дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм зарур арзёбӣ кард.
Вазири мудофиаи Эрон ҳамчунин аз талошҳои Ғарб барои эҳёи ҷаҳони якқутбӣ гуфт, ки ба ҳамин восита мехоҳад мавқеи ҳукмфармоиро ҳифз намояд
Қаблан раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ таъкид намуда буд, ки фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад.
"Танҳо кишварҳои ғарбӣ муқобили бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳастанд. Ҷаҳони чандқутбӣ, бахусус, бо кумаки созмонҳои минтақавӣ, ба мисли СҲШ сохта мешавад", - изҳор дошта буд Раисӣ.
Ба эътиқоди ӯ, нуфузи Эрон дар ҷаҳон ва минтақа дар ҳамкорӣ бо дӯстон афзоиш хоҳад ёфт. "Мо дар рушди равобит бо Русия ва дигар кишварҳо ҷиддӣ ҳастем", - афзуд ӯ.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.