https://sputnik.tj/20230602/baor-rushd-iqtisod-tojikiston-arzyobi-1057509647.html
БАОР: Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023-ро 7,9% арзёбӣ кард
БАОР: Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023-ро 7,9% арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Иқтисоддонҳои БАОР интизор доранд, ки то охири соли 2023 афзоиши ММД дар Осиёи Марказӣ 1,5% ва коҳиши таваррум дар минтақа ба 6,4% мерасад
2023-06-02T15:54+0500
2023-06-02T15:54+0500
2023-06-02T15:54+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
баор
пешгӯӣ
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_83:69:1400:810_1920x0_80_0_0_9c6ca3f288eda8e6c96be77ed1c147e9.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) интизор доранд, ки дар соли 2023 рушди иқтисоди Тоҷикистон 7,9% хоҳад буд. Дар ин бора маълумоти пешгӯии макроиқтисодии бонк барои солҳои 2023-2025 барои кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.Ҳамин тариқ, ба гуфтаи таҳлилгарон, ба ин талаботи зиёди дохилӣ дар бозори истеъмолӣ ва афзоиши савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунад.Дар маҷмӯъ, иқтисоддонҳо интизор доранд, ки то охири соли 2023 афзоиши ММД дар Осиёи Марказӣ 1,5% хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони БАОР коҳиши мизони таваррум дар минтақаро то 6,4% пешбинӣ мекунанд. Сабабҳои ин, тибқи маълумот, мутобиқшавии иқтисодҳо ва дур шудан аз бесуботии аввали соли 2022 хоҳад буд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки қурби пули тоҷикӣ дар баробари доллар барои соли 2023 10,8 сомонӣ барои 1 воҳид хоҳад буд. Ёдовар мешавем, ки Бонки рушди Авруосиё коҳиши мизони таваррум дар Тоҷикистонро сабт кардааст. Ҳамин тариқ, дар моҳи март ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ 3,6%-ро ташкил дод, дар ҳоле ки як моҳ пеш дар сатҳи 4,5% буд. Мутахассисони БАОР қайд мекунанд, ки чунин рақамҳо ба интизориҳои онҳо мувофиқанд. Онҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки то охири соли 2023 таваррум дар ҷумҳурӣ зери таъсири боқимондаи тақозои қавии дохилӣ дар иқтисод ва коҳиши тадриҷии қурби пули миллӣ нисбат ба доллар ба сатҳи тақрибан 6%-и сол бармегардад.
https://sputnik.tj/20230530/tavarrum-pasttar-vaziri-tojik-rushd-tojikiston-1057444697.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_156:0:1400:933_1920x0_80_0_0_b8792589b7ad049114092b51de96ae3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баор рушди иқтисод тоҷикистон
баор рушди иқтисод тоҷикистон
БАОР: Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023-ро 7,9% арзёбӣ кард
Иқтисоддонҳои БАОР интизор доранд, ки то охири соли 2023 афзоиши ММД дар Осиёи Марказӣ 1,5% ва коҳиши таваррум дар минтақа ба 6,4% мерасад
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) интизор доранд, ки дар соли 2023 рушди иқтисоди Тоҷикистон 7,9% хоҳад буд.
Дар ин бора маълумоти пешгӯии макроиқтисодии бонк барои солҳои 2023-2025 барои кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи таҳлилгарон, ба ин талаботи зиёди дохилӣ дар бозори истеъмолӣ ва афзоиши савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунад.
"Омилҳои асосии бознигарӣ натоиҷи аввали соли 2023 дар заминаи мутобиқшавии босуръати иқтисодҳои минтақа ба шароити тағйирёфтаи фаъолият ва пуштибонӣ аз сиёсати буҷетӣ дар як қатор кишварҳо дар соли 2022 буд", — мегӯянд коршиносон.
Дар маҷмӯъ, иқтисоддонҳо интизор доранд, ки то охири соли 2023 афзоиши ММД дар Осиёи Марказӣ 1,5% хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони БАОР коҳиши мизони таваррум дар минтақаро то 6,4% пешбинӣ мекунанд.
Сабабҳои ин, тибқи маълумот, мутобиқшавии иқтисодҳо ва дур шудан аз бесуботии аввали соли 2022 хоҳад буд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки қурби пули тоҷикӣ дар баробари доллар барои соли 2023 10,8 сомонӣ барои 1 воҳид хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Бонки рушди Авруосиё коҳиши мизони таваррум дар Тоҷикистонро сабт кардааст.
Ҳамин тариқ, дар моҳи март ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ 3,6%-ро ташкил дод, дар ҳоле ки як моҳ пеш дар сатҳи 4,5% буд.
Мутахассисони БАОР қайд мекунанд, ки чунин рақамҳо ба интизориҳои онҳо мувофиқанд.
Онҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки то охири соли 2023 таваррум дар ҷумҳурӣ зери таъсири боқимондаи тақозои қавии дохилӣ дар иқтисод ва коҳиши тадриҷии қурби пули миллӣ нисбат ба доллар ба сатҳи тақрибан 6%-и сол бармегардад.