https://sputnik.tj/20230530/tavarrum-pasttar-vaziri-tojik-rushd-tojikiston-1057444697.html
Таваррум пасту рушди ММД баланд: Вазири тоҷик ҳоли иқтисоди Тоҷикистонро гуфт
Таваррум пасту рушди ММД баланд: Вазири тоҷик ҳоли иқтисоди Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи ҳаштуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон бо иштироки мақомдорони баландпояи блоки иқтисодии ҳукумат вазъият баррасӣ гардид
2023-05-30T21:00+0500
2023-05-30T21:00+0500
2023-05-30T21:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
молия
бонки миллӣ
шӯро
рушд
ммд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057444521_0:15:769:447_1920x0_80_0_0_95affa7efdb795390d29b1bdda33f33b.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ - ММД, ки аз нишондиҳандаҳои калидии иқтисодӣ мебошад, дар чор моҳи соли равон 8%-ро ташкил дод. Ин нуктаро вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода зимни ҷаласаи Шӯрои милллии суботи молиявӣ, ки худ роҳбари он мебошад, изҳор дошт. Ба иттилои БМТ, Завқизода зимни ин ҳамоиш таъкид шуд, ки сатҳи таваррум 2,3%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа пасттар ҷамъбаст гардид.Вазир мегӯяд, ин нишондиҳанда дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ ба даст омаданд. Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, устувории макроиқтисодӣ ва суботи молиявӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардиданд. БМТ иттилоъ дод, ки дар ин ҳамоиш ҳамчунин бо роҳбарони Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дигар бахшҳо роҳҳои таҳкими рушди иқтисоди Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорӣ, рушди технология ва ғайра баррасӣ шуд. Зикр шуд, ки Шурои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ мебошад. Ин Шӯро соли 2018 аз ҷониби ҳукумат бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ таъсис дода шудаст.
https://sputnik.tj/20230529/durakhshon-bozori-elektrokar-tojikiston-zarfiyat-1057425144.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057444521_36:0:721:514_1920x0_80_0_0_9bf446796ed25d5dc7ed96a915bee3f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, тоҷикистон, ҳол, субот, молиявӣ
иқтисод, тоҷикистон, ҳол, субот, молиявӣ
Таваррум пасту рушди ММД баланд: Вазири тоҷик ҳоли иқтисоди Тоҷикистонро гуфт
Дар ҷаласаи ҳаштуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон бо иштироки мақомдорони баландпояи блоки иқтисодии ҳукумат вазъият баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ - ММД, ки аз нишондиҳандаҳои калидии иқтисодӣ мебошад, дар чор моҳи соли равон 8%-ро ташкил дод.
Ин нуктаро вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода зимни ҷаласаи Шӯрои милллии суботи молиявӣ, ки худ роҳбари он мебошад, изҳор дошт.
Ба иттилои БМТ, Завқизода зимни ин ҳамоиш таъкид шуд, ки сатҳи таваррум 2,3%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа пасттар ҷамъбаст гардид.
"Дар чунин фазои мусоид фаъолияти бемамонияти низоми бонкӣ нигоҳ дошта шуда, қурби пули миллӣ муътадил арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Вазир мегӯяд, ин нишондиҳанда дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ ба даст омаданд. Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, устувории макроиқтисодӣ ва суботи молиявӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардиданд.
БМТ иттилоъ дод, ки дар ин ҳамоиш ҳамчунин бо роҳбарони Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дигар бахшҳо роҳҳои таҳкими рушди иқтисоди Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорӣ, рушди технология ва ғайра баррасӣ шуд.
Зикр шуд, ки Шурои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ мебошад.
Ин Шӯро соли 2018 аз ҷониби ҳукумат бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ таъсис дода шудаст.