Рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон идома меёбад: ҳушдори КҲФ

© Фото очевидцаПоследствия Ливней в Джаббар Расуловском районе
Последствия Ливней в Джаббар Расуловском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои пурбориш ва хатарзо аз сафарҳо ба соҳили дарёву обанборҳо ва кӯлҳо худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Рӯзҳои 26-27 май ҳаво дар Тоҷикистон номусоид мешавад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Дар ин рӯзҳо, дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳои ҷорӣ боришоти зиёд ба амал меояд.
Аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар як қатор навоҳии кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ, баланд шудани сатҳи об ва селфароӣ пешбинӣ карда мешавад.
"Боронҳои шадид, раъду барқ, резиши санг ва лағжиши тармаву ярч дар назар аст", - омадааст дар хабари КҲФ.
Обу ҳавои ноустувор чарондани чорво ва нигоҳубини онҳоро дар чарогоҳҳои кӯҳӣ душвор мегардонад.
Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, чаронидани чорво, чидани занбӯруғ ва дигар зироатҳо худдорӣ намоянд.
Ҳалокати навраси 17-сола дар паи раъду барқ дар Ховалинг
КҲФ махсусан таъкид кардааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоред.
КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ дар кӯчаву манзилҳо аз аҳолӣ даъват мекунад, ки заҳбурҳоро пок намоянд.
Баста шудани роҳҳо ва талафи чорво: Харобкориҳои сел дар Тоҷикистон - видео
КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки маълумоти КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳатман риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0