Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ронандагон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуд

© IRSСтанция взвешивания автомобилей в Таджикистане, архивное фото
Станция взвешивания автомобилей в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Обуна шудан
Якбора давоми чанд моҳи оянда яке аз шоҳроҳҳои асосии Тоҷикистон дар низоми маҳдуд барои баъзе навъҳои мошинҳо фаъолият хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Сар аз имрӯз 1 июн дар Тоҷикистон барои ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдудият ҷорӣ шуд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти ширкати нигоҳдории роҳҳои "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" хабар доданд.
Ин ширкат ҷорӣ гардидани маҳдудият дар роҳи мазкурро ба таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ рабт дод.
Ҳамин тариқ, тамоми моҳҳои тобистон, то 31 августи соли 2023 дар шоҳроҳи Душанбе ва манотиқи шимоли Тоҷикистон барои ронандагон маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.
"Маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тариқ ҳакат баро нақлиёти гаронвазн аз соати 10:00 то 19:00 маҳдуд хоҳад шуд.
Боздид аз корҳои мумфаршсозии роҳи Зарнисор — Бӯстон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Мумфаршсозии роҳи Зарнисор — Бӯстон аз сӯи ширкати муштараки Тоҷикистону Чин
Манбаъ меафзояд, иқдоми мазкур дар асоси талаботи қарори Ҳукумат "Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" амалӣ мегардад.
Ҳадафи асосӣ ин эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон мебошад, хулоса намуд IRS.
Лентаи хабарҳо
0