https://sputnik.tj/20230502/mumfarshsozi-rohi-zarnisor-shirkati-mushtaraki-tojikistonu-chin-1056822391.html
Мумфаршсозии роҳи Зарнисор — Бӯстон аз сӯи ширкати муштараки Тоҷикистону Чин
Мумфаршсозии роҳи Зарнисор — Бӯстон аз сӯи ширкати муштараки Тоҷикистону Чин
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ки 38 км роҳи Зарнисор — Бӯстон бо кумаки Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин мумфарш карда мешавад
2023-05-02T16:35+0500
2023-05-02T16:35+0500
2023-05-02T16:35+0500
дар тоҷикистон
суғд
роҳ
мумфаршкунии роҳ
раҷаббой аҳмадзода
бӯстон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/02/1056822225_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_59b75c86fd1d2682b00c038fd773f4ea.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти мумфаршкунии роҳи Зарнисор — Бӯстон шинос гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ, роҳи мазкур бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой мумфарш гардида истодааст ва дарозии он 38 км мебошад.Таъкид шудааст, ки аз тарафи роҳсозон корҳо қариб ба анҷом расонида шудааст.Ба иттилои мақомоти вилоят роҳи Зарнисор-Бӯстон солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, рафту омади сокинон бо мушкилӣ сурат мегирифт.Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин роҳ мумфарш карда шуд.Дар идома роҳбари вилоят дар шаҳраки Зарнисор ба хабаргирии ду нафар собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.Ёдовар мешавем, чанде пеш мақомоти вилояти Хатлон гуфта буд, ки азорати нақлиёти кишвар ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар дар семоҳаи аввали соли равон бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров иттилоъ додааст, ки бо маблағҳои ҷудошуда дар се моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бештар аз 100 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта таъмиру бозсозӣ шуданд.Вай гуфт, ки ба ҷуз ин барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиёти 153 аломати роҳ насб карда шудаст.
https://sputnik.tj/20230420/kilometr-roh-khatlon-tamir-shudand-1056585358.html
суғд
бӯстон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/02/1056822225_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_b21ce8f30d3a2ad216266ddfe9a2b34b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роҳ, мумфаршсозӣ, роҳи зарнисор — бӯстон, ширкат, муштарак, тоҷикистону чин
тоҷикистон, роҳ, мумфаршсозӣ, роҳи зарнисор — бӯстон, ширкат, муштарак, тоҷикистону чин
Мумфаршсозии роҳи Зарнисор — Бӯстон аз сӯи ширкати муштараки Тоҷикистону Чин
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ки 38 км роҳи Зарнисор — Бӯстон бо кумаки Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти мумфаршкунии роҳи Зарнисор — Бӯстон шинос гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, роҳи мазкур бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой мумфарш гардида истодааст ва дарозии он 38 км мебошад.
Таъкид шудааст, ки аз тарафи роҳсозон корҳо қариб ба анҷом расонида шудааст.
Ба иттилои мақомоти вилоят роҳи Зарнисор-Бӯстон солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, рафту омади сокинон бо мушкилӣ сурат мегирифт.
Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин роҳ мумфарш карда шуд.
Дар идома роҳбари вилоят дар шаҳраки Зарнисор ба хабаргирии ду нафар собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Ёдовар мешавем, чанде пеш мақомоти вилояти Хатлон гуфта буд, ки азорати нақлиёти кишвар ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар дар семоҳаи аввали соли равон бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров иттилоъ додааст, ки бо маблағҳои ҷудошуда дар се моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бештар аз 100 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта таъмиру бозсозӣ шуданд.
Вай гуфт, ки ба ҷуз ин барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиёти 153 аломати роҳ насб карда шудаст.