Мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд ба тамрин шурӯъ кард

© ФФТТамрини мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд
Тамрини мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Обуна шудан
Омодагии тими мунтахаби милли Тоҷикистон дар Тошканд ба мусобиқаи байналмилалии футбол, ки даҳаи дуюми июн баргузор мешавад, оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, тамрини мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд даҳ рӯз идома меёбад.
Дар ин даҳрӯза тими Тоҷикистон ба мусобиқаи "CAFA Nations Cup-2023", ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.
Ба ҳайати ниҳоии тими миллии Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 26 бозигар ворид гардидаанд.
Сафари тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол ба Тошканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Тими миллии Тоҷикистон озими Тошканд шуд
Петр Сегрт ба ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардаст.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бозӣ мекунад.
Дар ин гуруҳ футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Туркманистон рӯзи 11 июн сабқат мекунад. Зӯрозмоӣ бо тими мунтахаби Уммон рӯзи 14 июн таъйин шудааст.
Дар доираи мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ сабқат бо дастаи Ӯзбекистон низ дар назар аст, ки 17 июн сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0