https://sputnik.tj/20230531/timi-millii-tojikiston-ozimi-toshkand-shud-1057464479.html
Тими миллии Тоҷикистон озими Тошканд шуд
Тими миллии Тоҷикистон озими Тошканд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Ӯзбекистон тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол ба мусобиқаи байналмилалӣ, ки даҳаи дуюми июн мегузарад, омода мешавд
2023-05-31T16:00+0500
2023-05-31T16:00+0500
2023-05-31T16:00+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
душанбе
тошканд
петр сегрт
тими мунтахаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1f/1057463993_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_de3f42f7ee1db011155ebe14edc15287.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои тамринҳои дастаҷамъии даҳрӯза озими Тошканд гардиданд. Ба иттилои ФФТ, дар ин даҳрӯза тими Тоҷикистон ба мусобиқаи "CAFA Nations Cup-2023", ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Ба ҳайати ниҳоии тими миллии Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 26 бозигар ворид гардидаанд. Петр Сегрт ба ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардаст. Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бозӣ мекунад.Дар ин гуруҳ футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Туркманистон рӯзи 11 июн сабқат мекунад. Зӯрозмоӣ бо тими мунтахаби Уммон рӯзи 14 июн таъйин шудааст.Дар доираи мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ сабқат бо дастаи Ӯзбекистон низ дар назар аст, ки 17 июн сурат мегирад.Ба далели ин мусобиқаи байналмилалӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар бозиҳои чемпионати ҷумҳурӣ тағйирот ворид шуд. Аз ҷумла бозии даври дувоздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 байни бошгоҳҳои КМВА ва "Истиқлол"-и Душанбе, ки мебоист 3-юми июн баргузор гарданд, ба рӯзи эҳтиётии тақвим гузаронида шуданд.
https://sputnik.tj/20230531/piruzi-chorum-voleybolbozon-vmkb-dushanbe-1057449162.html
душанбе
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1f/1057463993_0:0:1201:900_1920x0_80_0_0_17d9919ddfdf28b95e15dc1d9cab8e6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мунтахаб, ҷавонон, тоҷикистон, тим, миллӣ, футбол
мунтахаб, ҷавонон, тоҷикистон, тим, миллӣ, футбол
Тими миллии Тоҷикистон озими Тошканд шуд
Дар пойтахти Ӯзбекистон тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол ба мусобиқаи байналмилалӣ, ки даҳаи дуюми июн мегузарад, омода мешавд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои тамринҳои дастаҷамъии даҳрӯза озими Тошканд гардиданд.
Ба иттилои ФФТ, дар ин даҳрӯза тими Тоҷикистон ба мусобиқаи "CAFA Nations Cup-2023", ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.
Ба ҳайати ниҳоии тими миллии Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 26 бозигар ворид гардидаанд.
Петр Сегрт ба ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардаст.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бозӣ мекунад.
Дар ин гуруҳ футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Туркманистон рӯзи 11 июн сабқат мекунад. Зӯрозмоӣ бо тими мунтахаби Уммон рӯзи 14 июн таъйин шудааст.
Дар доираи мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ сабқат бо дастаи Ӯзбекистон низ дар назар аст, ки 17 июн сурат мегирад.
Ба далели ин мусобиқаи байналмилалӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар бозиҳои чемпионати ҷумҳурӣ тағйирот ворид шуд.
Аз ҷумла бозии даври дувоздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 байни бошгоҳҳои КМВА ва "Истиқлол"-и Душанбе, ки мебоист 3-юми июн баргузор гарданд, ба рӯзи эҳтиётии тақвим гузаронида шуданд.