ВАО: Ғарб мутмаин аст, ки дар паси ҳамлаҳо дар Русия Украина қарор дорад

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкПроведение спецоперации ВС РФ в южном направлении
Проведение спецоперации ВС РФ в южном направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Обуна шудан
Расона менависад, ки ҳамлаҳои ахири Украина ба қаламрави Русия боиси нигаронии Ғарб гардид, зеро борҳо таъкид карданд, ки аз силоҳҳои НАТО истифода накунанд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Мақомоти ғарбӣ мутмаинанд, ки Киев дар паси чандин ҳамлаҳо ба қаламрави Русия қарор дорад, бо вуҷуди ин ки мақомоти Украина даст доштани онҳоро рад мекунанд, менависад Financial Times.
"Бо вуҷуди радди оммавии мақомоти Украина дар бораи ҳамлаҳо ба қаламрави Русия, мақомоти ғарбӣ мутмаинанд, ки Киев дар паси чанд амалиёт дар қаламрави Русия қарор дорад", - зикр шудааст дар матлаби ин рӯзнома.
Тавре Financial Times менависад, ҳамлаҳои ахир ба қаламрави Русия нигарониҳои ҷонибдорони ғарбии Украинаро ба бор овардааст, ки борҳо таъкид кардаанд, ки Киев аз силоҳи НАТО ба Украина барои ҳама гуна ҳамлаҳо ба қаламрави Русия истифода накунад.
Қаблан, Вазорати дифои Русия хабар дод, ки режими Киев рӯзи сешанбеи 30 май ба пойтахти Русия якбора бо чанд ҳавопаймои бидуни сарнишин ҳамла кард.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Моро таҳрик доданиянд": Путин дар бораи ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи он тавассути системаи мудофиаи ҳавоӣ нобуд карда шуданд.
Дар ҳамла ба пойтахт ва вилояти Маскав ҳашт дастгоҳи бесарнишини навъи ҳавопаймо ширкат доштанд. Ҳамаи онҳо нобуд карда шуданд.
Се тои онҳо тавассути дастгоҳи электронӣ пахш карда шуданд, онҳо назоратро аз даст доданд ва аз ҳадафҳои пешбинишуда дур шуданд.
Панҷ ҳавопаймои бесарнишини дигар низ аз ҷониби системаи мушакӣ ва силоҳи зиддиҳавоии "Пантсир-С" дар вилояти Маскав сарнагун карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0