Сафири Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Доғистонро баррасӣ мекунад

© Фото : Пресс-служба Минэкономразвития ДагестанаПосол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода в Махачкале
Посол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода в Махачкале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Обуна шудан
Намояндаи Тоҷикистон дар доираи сафараш ба ин минтақаи Русия бо роҳбарияти он ва сохторҳои савдою саноат густариши ҳамкориҳоро ба миён мегузорад
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо як сафар ба Доғистон омад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Доғистон, дар фурудгоҳи Махачкала дипломатро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Рамазон Ҷаъфаров, вазири иқтисод ва рушди ҳудудҳои вилоят Ҳоҷӣ Султанов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ Лилиана Магомедова пешвоз гирифтанд.
Дар барномаи рӯзи аввали сафар мулоқот бо раҳбари Доғистон Сергей Меликов дар назар аст. Инчунин дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, ки дар он соҳибкорони маҳаллӣ иштирок мекунанд, мулоқот бо сафир баргузор хоҳад шуд.
Глава Татарстана Рустам Минниханов и премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Сарвазири Тоҷикистон густариши тиҷоратро бо раисҷумҳури Тотористон баррасӣ кард
Маврид ба зикр аст, ки фурудгоҳи Махачкала ба 3 шаҳри Тоҷикистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад. Аз ҷумла, метавон аз пойтахти Доғистон ба Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб парвоз кард.
Баррасии ҳамкориҳо бо Доғистон дар ҳоле сурат мегиранд, ки ахиран вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров аз роҳбарони минтақаҳои кишвараш хост, пешниҳодҳои бештару мушаххас барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро ироа кунанд.
Лавров таъкид намуд, ки муносибот бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар заминаи шарикии стратегӣ, баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳамсоядории нек роҳандозӣ шудаст.
Дипломат махсусан таъкид намуд, ки бо ҳар яке аз ин кишвар муколамаи густурдаи сиёсӣ ҷой дорад, ки он барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз иқтисоду сармоягузорӣ то илму маориф мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0