Пирӯзии чоруми волейболбозони ВМКБ дар Душанбе

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Обуна шудан
Мусобиқи волейбол миёни шаш даста аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ сурат гирифт, ки бо пирӯзии духтарони ВМКБ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Духтарони волейболбози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ боз мақоми аввалро касб намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ин вилоят бо гузоштани акси варзишгарон бо ҷоми қаҳрамонӣ хабар дод.
Бар хабари манбаъ, ин мусобиқа дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш байни ҷавондухтарон баргузор гардид.
Дар мусобиқа волейболбозони пойтахт, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ иштирок намуданд.
Ҷамъбасти мусобиқаи байналмилалии волейболбозон дар Душанбе: кӣ ҷойи якум гирифт?
Бояд гуфт, маротибаи чорум аст, ки дастаи занонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷои якумро сазовор мегардад.
Зимнан, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ин пирӯзиро барои дастаи мазкур, мураббиён ва кулли сокинони ВМКБ муборакбод гуфта, изҳори итминон намуд, ки чунин дастовардҳо дар оянда низ зиёдтар хоҳанд гардид.
Чанд сол қабл, духтарони волейболбози вилоят Ҷоми пойтахт ва 20 000 сомонӣ мукофоти пулӣ гирифта буданд.
Лентаи хабарҳо
0