Маълум шуд, ки Рӯзи кӯдакон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мегардад

© © Sputnik / Амир ИсаевФестиваль "Джилваи рангхо" в Душанбе
Фестиваль Джилваи рангхо в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Обуна шудан
"Кӯдакон дунёи моянд" - таҳти чунин шиор дар боғи пойтахт чорабинии калон бо рақсу озмун ва туҳфаҳо барои фароғати кӯдакон барпо мегардад
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт.
Бар хабари манбаъ, дар Боғи кӯдакон таҳти шиори "Кӯдакон дунёи моянд" барномаи калони фароғатӣ барпо мегардад. Чорабинӣ рӯзи панҷшанбеи 1 июн соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.
Дар ҷараёни ҳамоиш намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ба тамошо гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст
Дети на празднике Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Маълум шуд, ки дар Хуҷанд Рӯзи кӯдакон чӣ гуна таҷлил мешавад
Зимни он ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.
Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ ба роҳ монда шудааст, ки то охири рӯз барои хотирмон таҷлил намудани ин ид манзури кӯдакон гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гузаронида мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки баргузории он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба роҳ монда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0