https://sputnik.tj/20230530/malum-khujand-ruz-kudakon-tajlil-1057433407.html
Маълум шуд, ки дар Хуҷанд Рӯзи кӯдакон чӣ гуна таҷлил мешавад
Маълум шуд, ки дар Хуҷанд Рӯзи кӯдакон чӣ гуна таҷлил мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар маркази маъмурии вилояти Суғд бахшида ба ҷашн дар боғи шаҳр консерт баргузор гардида, ба кӯдакон – ғолибони озмунҳои гуногун мукофот дода мешавад.
2023-05-30T11:41+0500
2023-05-30T11:41+0500
2023-05-30T11:41+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
рӯзи кӯдакон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103092/69/1030926984_0:145:2764:1699_1920x0_80_0_0_30199c2a225cac4f6ea5dc198b320244.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабиниҳои идона баргузор мешаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вилояти Суғд. Барномаҳои рӯзи 1-уми июн ба нақша гирифта шуда, дар боғи асосии фарҳангу фароғати "Наврӯзгоҳ" баргузор мешаванд. Таҳти унвони "Бачаҳо — олами рангини мо" консерт намоиш дода мешавад. Қарор дар бораи баргузории онро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода имзо кардааст. Чорабиниҳо субҳ оғоз шуда, соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ дар онҳо сокинон ва меҳмонони Хуҷанд ҳамроҳи фарзандонашон метавонанд ширкат кунанд. Илова бар ин, дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳо тантанаҳои идона баргузор мешаванд. Ҳамин тариқ, озмунҳои беҳтарин иншо дар мавзӯи "Мо ҳуқуқи худро меомӯзем" байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин "Беҳтарин хонандаи китоб", "Беҳтарин ихтироъкор", "Тоҷикистон – кишвари офтобӣ" ҷамъбаст карда мешавад. Дар ин рӯз ба аёдати кӯдакони ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20230415/tedod-kudakiston-tojikiston-1056470810.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103092/69/1030926984_153:0:2609:1842_1920x0_80_0_0_dffae304977832b15f1e6f94a352ebd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд рӯзи кӯдакон таҷлил
хуҷанд рӯзи кӯдакон таҷлил
Маълум шуд, ки дар Хуҷанд Рӯзи кӯдакон чӣ гуна таҷлил мешавад
Дар маркази маъмурии вилояти Суғд бахшида ба ҷашн дар боғи шаҳр консерт баргузор гардида, ба кӯдакон – ғолибони озмунҳои гуногун мукофот дода мешавад.
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабиниҳои идона баргузор мешаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вилояти Суғд.
Барномаҳои рӯзи 1-уми июн ба нақша гирифта шуда, дар боғи асосии фарҳангу фароғати "Наврӯзгоҳ" баргузор мешаванд.
Таҳти унвони "Бачаҳо — олами рангини мо" консерт намоиш дода мешавад. Қарор дар бораи баргузории онро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода имзо кардааст.
"Дар ин ҷашн дастпарварони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, кӯдакони ятим, ғолибони олимпиадаву озмунҳо, Академияи илмҳои хурд ширкат мекунанд", - гуфт манбаъ.
Чорабиниҳо субҳ оғоз шуда, соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ дар онҳо сокинон ва меҳмонони Хуҷанд ҳамроҳи фарзандонашон метавонанд ширкат кунанд.
Илова бар ин, дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳо тантанаҳои идона баргузор мешаванд.
Ҳамин тариқ, озмунҳои беҳтарин иншо дар мавзӯи "Мо ҳуқуқи худро меомӯзем" байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин "Беҳтарин хонандаи китоб", "Беҳтарин ихтироъкор", "Тоҷикистон – кишвари офтобӣ" ҷамъбаст карда мешавад.
Дар ин рӯз ба аёдати кӯдакони ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ба нақша гирифта шудааст.