Ҷамъбасти мусобиқаи байналмилалии волейболбозон дар Душанбе: кӣ ҷойи якум гирифт?

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки тимҳои волейболи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо пирӯзии дастаҳои меҳмон анҷом анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тими волейболи Қазоқистон дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Душанбе мақоми аввалро соҳиб шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа миёни ҷавонони то 23-сола ва тими мардон дар маҷмуъ тайи 4 рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар зӯрозмоиҳои волейболбозони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ширкат доштанд.
Мусобиқа бар асоси низоми даврӣ баргузор шуда, бо ҷамъбасти холҳо тими ғолиб муайян гардид.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дастаи ҷумҳурӣ дар сабқат миёни ҷавонон ҷойи охир - сеюмро гирифт. Дар ин ришта ҷавонони Ӯзбекистон ғолиб омада, тими Қазоқистон мақоми дуюмро соҳиб шуд.
Петр Сегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Ҳанӯз дастоварде нест: баҳои таҳлилгар ба кори сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон
Дар зӯрозмоиҳои умумӣ миёни мардон тими Тоҷикистон аз Ӯзбекистон пеш гузашта, мақоми дуюмро соҳиб гардид. Дар ин мусобиқот тими волейболи Қазоқистон пирӯз шуд. Тими Тоҷикистон ҷои дуюм, дастаи Ӯзбекистон ҷои сеюмро сазовор шуданд.
Дар маҷмуъ дар доираи ин мусобиқот дастаҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон миёни ҳам дубозигӣ анҷом доданд.
Дар нахустин сабқат, ки миёни тимҳои Тоҷикистону Қазоқистон сурат гирифт, дастаи меҳмон бо ҳисоби 3:2 пирӯз баромад. Дар бисёри сабқатҳои баъдӣ низ бахти тими мизбон омад накарду дастаҳо аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон ғолиби бозӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0