https://sputnik.tj/20230530/vao-chin-peshnihod-ima-muloqoti-difo-rad-1057427756.html
ВАО: Чин пешниҳоди ИМА дар бораи мулоқоти вазирони дифоъро рад кард
ВАО: Чин пешниҳоди ИМА дар бораи мулоқоти вазирони дифоъро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷониби ҶМЧ пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаи Аамрико дар бораи мулоқот бо вазирони дифоъи кишварҳо зимни форуме дар Сингапурро рад кардааст
2023-05-30T10:25+0500
2023-05-30T10:25+0500
2023-05-30T10:37+0500
чин
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1b/1041217203_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_4eae11234f80b1c201349b2cd01a0910.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Чин пешниҳоди Амрико дар бораи баргузории нишасти вазирони дифоъ дар ҳошияи форуми амнияти минтақавии Муколамаи "Шангри-Ла диалог" дар Сингапурро рад кардДар бора нашрияи The Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳояш дар Пентагон хабар додааст. Дар миёнаҳои моҳи май Остин возеҳ гуфт, ки ӯ ба имкони мулоқот бо ҳамтои чинии худ Ли Шанфу дар ҳошияи форум, ки рӯзҳои 2-4 июн дар назар аст, умедвор аст.Тавре дар вазорати дифои Амрико таъкид шудааст, Вашингтон ба аҳамияти нигоҳ доштани роҳҳои кушоди иртибот байни вазоратҳои дифои ИМА ва Чин бовар дорад.Вазорат афзуд, ки ин барои пешгирӣ кардани рақобат байни кишварҳо ба муноқиша мусоидат мекунад. Дар моҳи апрел, Politico бо истинод ба манобеъе хабар дод, ки Чин кӯшиши ИМА барои аз сар гирифтани тамосҳои сатҳи баландро рад мекунад. Мушаххас шудааст, ки дар Пекин аз таъйини санаи нави сафари қаблан лағвшуда ба Чин, вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен, инчунин ҳамоҳангсозии сафарҳои мақомоти дигар ва ҳатто гуфтугӯи телефонии Ҷо Байден ва Си Ҷинпинро ҷонибдорӣ накардааст.
https://sputnik.tj/20230504/vkkh-chin-osiyo-muboriza-geopolitiki-nest-1056880759.html
чин
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1b/1041217203_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_7678178e0db82afa3405af396bb2e7ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин пешниҳод има мулоқот вазирон дифоъ рад
чин пешниҳод има мулоқот вазирон дифоъ рад
ВАО: Чин пешниҳоди ИМА дар бораи мулоқоти вазирони дифоъро рад кард
10:25 30.05.2023 (Навсозишуда: 10:37 30.05.2023) Ҷониби ҶМЧ пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаи Аамрико дар бораи мулоқот бо вазирони дифоъи кишварҳо зимни форуме дар Сингапурро рад кардааст
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Чин пешниҳоди Амрико дар бораи баргузории нишасти вазирони дифоъ дар ҳошияи форуми амнияти минтақавии Муколамаи "Шангри-Ла диалог" дар Сингапурро рад кард
Дар бора нашрияи The Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳояш дар Пентагон хабар додааст.
"Шабона ҶМЧ ба ИМА хабар дод, ки ҷониби Чин даъвати дар аввали моҳи май фиристодаи вазири мудофиа Ллойд Остинро барои вохурдан бо вазири мудофиа Ли Шанфу дар ҳамин ҳафта дар Сингапур рад кардааст", - омадааст дар гузориш.
Дар миёнаҳои моҳи май Остин возеҳ гуфт, ки ӯ ба имкони мулоқот бо ҳамтои чинии худ Ли Шанфу дар ҳошияи форум, ки рӯзҳои 2-4 июн дар назар аст, умедвор аст.
Тавре дар вазорати дифои Амрико таъкид шудааст, Вашингтон ба аҳамияти нигоҳ доштани роҳҳои кушоди иртибот байни вазоратҳои дифои ИМА ва Чин бовар дорад.
Вазорат афзуд, ки ин барои пешгирӣ кардани рақобат байни кишварҳо ба муноқиша мусоидат мекунад.
Дар моҳи апрел, Politico бо истинод ба манобеъе хабар дод, ки Чин кӯшиши ИМА барои аз сар гирифтани тамосҳои сатҳи баландро рад мекунад.
Мушаххас шудааст, ки дар Пекин аз таъйини санаи нави сафари қаблан лағвшуда ба Чин, вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен, инчунин ҳамоҳангсозии сафарҳои мақомоти дигар ва ҳатто гуфтугӯи телефонии Ҷо Байден ва Си Ҷинпинро ҷонибдорӣ накардааст.