https://sputnik.tj/20230530/tojikiston-korkhona-istehsol-sigor-1057426977.html
Дар Тоҷикистон корхонаи бузурги тавлиди сигор месозанд
Дар Тоҷикистон корхонаи бузурги тавлиди сигор месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷануби мамлакат, дар МОИ корхонаи нав пайдо мешавад. Созишномаи дахлдор аллакай байни ҳукумати кишвар ва ширкати Interasia FZCO ба имзо расидааст
2023-05-30T09:44+0500
2023-05-30T09:44+0500
2023-05-30T09:48+0500
дар тоҷикистон
саноат
сигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102573/35/1025733564_0:0:3220:1811_1920x0_80_0_0_db6d7318ae1834395256be1a7feac7cc.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар ҷануби Тоҷикистон як корхонаи тавлиди тамоку бунёд мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд. Созишномаи сармоягузорӣ дар бораи сохтмони ин корхона миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати ҶДММ “OXUS INTERASIA FZKO” ба имзо расид. Барои сохтан ва ба истифода додани корхонаи тамоку ба маблағи 20 миллион доллар сармоя гузошта мешавад. Пас аз роҳандозии истеҳсолот дар МОИ "Данғара" ҳудуди 80 ҷойи нави корӣ пайдо мешавад. Ифтитоҳи истеҳсолоти нав ба таҳияи барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025 мусоидат мекунад - ин яке аз чаҳор ҳадафи стратегии давлат мебошад. Муҳлати сохтан ва ба истифода додани объект ҳанӯз маълум нашудааст.
https://sputnik.tj/20230324/khajmi-istehsolot-dar-moi-tojikiston-1055734887.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102573/35/1025733564_84:0:2815:2048_1920x0_80_0_0_5f60bf2967a2d5ac7216c65fce62c21f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон корхона бузург тавлид сигор
тоҷикистон корхона бузург тавлид сигор
Дар Тоҷикистон корхонаи бузурги тавлиди сигор месозанд
09:44 30.05.2023 (Навсозишуда: 09:48 30.05.2023) Дар ҷануби мамлакат, дар МОИ корхонаи нав пайдо мешавад. Созишномаи дахлдор аллакай байни ҳукумати кишвар ва ширкати Interasia FZCO ба имзо расидааст
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар ҷануби Тоҷикистон як корхонаи тавлиди тамоку бунёд мешавад.
Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Созишномаи сармоягузорӣ дар бораи сохтмони ин корхона миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати ҶДММ “OXUS INTERASIA FZKO” ба имзо расид.
Барои сохтан ва ба истифода додани корхонаи тамоку ба маблағи 20 миллион доллар сармоя гузошта мешавад.
Пас аз роҳандозии истеҳсолот дар МОИ "Данғара" ҳудуди 80 ҷойи нави корӣ пайдо мешавад.
Ифтитоҳи истеҳсолоти нав ба таҳияи барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025 мусоидат мекунад - ин яке аз чаҳор ҳадафи стратегии давлат мебошад.
Муҳлати сохтан ва ба истифода додани объект ҳанӯз маълум нашудааст.