Хаҷми истеҳсолот дар МОИ Тоҷикистон

Обуна шудан
Корхонаҳои саноатие, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ҷойгиранд, қариб 485 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки бештарашон ба "Суғд" рост меояд
Чунин маълумотро барои соли 2022 Оҷонсии омори Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 5 МОИ мавҷуд аст. Дар калонтарини онҳо — "Суғд" ба маблағи 408,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.
Дар ин ҷо 15 корхонаи саноатӣ коллекторҳои офтобӣ, пластмасса, ноқилҳои барқӣ, рангубор, маҳсулоти гӯштӣ истеҳсол мекунанд.
Дар соли 2022 афзоиши истеҳсолот нисбат ба соли 2021 38%-ро ташкил дод.
Дар МОИ "Данғара" 11 корхона, "Панҷ" 3, "Кӯлоб" 1 корхона фаъолият доранд.
Дар "Ишкошим" корхои сохтмонӣ ҳануз давом дорад.
МОИ Тоҷикистон фарқияти байни воридоту содиротро кам карданд
Минтақаи озоди иқтисодӣ – минтақаи маҳдуди дорои мақоми махсуси ҳуқуқӣ нисбат ба дигар ҳудуди давлат аст.
Аксар вақт мақоми махсус дар шароити имтиёзноки андоз ё гумрукӣ барои соҳибкорони миллӣ ё хориҷӣ ифода меёбад.
Лентаи хабарҳо
0