Санаи зӯрозмоии тими Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе маълум шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешБоковой судья, архивное фото
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Обуна шудан
Тақвими бозиҳои мунтахаби олимпии футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2024 муайян гардид
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бозии нахустини тими олимпии футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2024 бо Лаос баргузор мешавад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода афзуд, вохӯриҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2024 аз 6 то 12 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд
Тими Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи "I" маълум шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар гуруҳ зӯрозмоӣ мекунад. Бозӣ бо Лаос 6-уми сентябр таъйин шудааст.
Мухаммад Наимов — таджикский боец смешанных боевых искусств. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Соли бобарори размикорони тоҷик: Наимов низ ба UFC пайваст
Дар даври дуюм 9 сентябр дастаи олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея бозӣ мекунад.
Дар даври ниҳоӣ 12 сентябр тими Тоҷикистон бо мунтахаби Австралия вомехӯрад. Инчунин 6 сентябр Австралия бо Кореяи Шимолӣ, 9 сентябр Лаос бо Австралия, 12 сентябр Лаос бо Кореяи Шимолӣ сабқат мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2024 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола 42 даста ширкат меварзад.
Ғолибони 11 гурӯҳ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0