https://sputnik.tj/20230415/tedod-kudakiston-tojikiston-1056470810.html
Сеяки кӯдакон дар Тоҷикистон бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд
Сеяки кӯдакон дар Тоҷикистон бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои густариши фаъолияти кӯдакистонҳо Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ то соли 2027 амалӣ мекунад
2023-04-15T09:30+0500
2023-04-15T09:30+0500
2023-04-18T16:02+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
кӯдакистон
хусусӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102591/24/1025912493_0:85:1616:994_1920x0_80_0_0_84cb5f5340578729e1d3b9ab64412b75.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Соли 2023 дар Тоҷикистон таъсиси 25 муассисаи томактабии хусусӣ дар назар аст, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, роҳҳои ҳавасмандгардонии соҳибкоронро дар самти таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ омӯхта, пешниҳоди ҳукумат кунанд. Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ беш аз 171 ҳазор нафар ё ҳамагӣ 16%-ро ташкил медиҳад. Зикр гардидааст, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 2 муассиса ва дар шаҳри Душанбе 1 муассисаи хусусӣ ба истифода дода шуд. Бар асоси омори расмӣ, теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар се моҳи соли равон ба 707 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд гардидааст. Зикр гардидаст, ки тибқи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 дар ду марҳила сохтмони муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст. Тибқи барнома аз ҷумла солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар маҷмуъ 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешавадИнтизор меравад, ки то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33% расонида шавад.
https://sputnik.tj/20230221/bino-bisyoroshyona-dushanbe-kudakiston-bunyod-1055082066.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102591/24/1025912493_88:0:1528:1080_1920x0_80_0_0_2c66c8a00b510d68260db776aa704f81.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарогирӣ, тоҷикистон, кӯдакистон, зиёд, афзоиш
фарогирӣ, тоҷикистон, кӯдакистон, зиёд, афзоиш
Сеяки кӯдакон дар Тоҷикистон бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд
09:30 15.04.2023 (Навсозишуда: 16:02 18.04.2023) Дар Тоҷикистон барои густариши фаъолияти кӯдакистонҳо Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ то соли 2027 амалӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Соли 2023 дар Тоҷикистон таъсиси 25 муассисаи томактабии хусусӣ дар назар аст, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, роҳҳои ҳавасмандгардонии соҳибкоронро дар самти таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ омӯхта, пешниҳоди ҳукумат кунанд.
"Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 39 Маркази хусусии инкишофи кӯдак фаъолият менамояд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ беш аз 171 ҳазор нафар ё ҳамагӣ 16%-ро ташкил медиҳад.
Зикр гардидааст, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 2 муассиса ва дар шаҳри Душанбе 1 муассисаи хусусӣ ба истифода дода шуд.
Бар асоси омори расмӣ, теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар се моҳи соли равон ба 707 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд гардидааст.
Зикр гардидаст, ки тибқи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 дар ду марҳила сохтмони муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи барнома аз ҷумла солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар маҷмуъ 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешавад
Интизор меравад, ки то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33% расонида шавад.