https://sputnik.tj/20230530/dushanbe-sana-safar-rahmon-qirghiziston-tayid-1057442311.html
Душанбе санаю сафари Раҳмон ба Қирғизистонро таъйид кард
Душанбе санаю сафари Раҳмон ба Қирғизистонро таъйид кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи сафар мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Қирғизистон ва роҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказию Иттиҳоди Аврупо дар назар аст
2023-05-30T17:20+0500
2023-05-30T17:20+0500
2023-05-30T19:20+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
боздид
қирғиз
иттиҳоди аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057134770_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_fbbcabd9c7a7dda5a9f3682f35aab4f2.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи равон озими Қирғизистон хоҳад шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сафари роҳбари давлат 2 июн дар назар мебошад. Интизор меравад, ки роҳбари Тоҷикистон дар Иссиқкӯл дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат варзида, бо роҳбари кишвари мизбон, Содир Ҷабборов мулоқот анҷом медиҳад. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, ин чорабинӣ дар шаҳри Чолпон-Ота, воқеъ дар соҳили Иссиқкӯл баргузор мешавад.Дар ин ҳамоиш руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ҳамчунин муовини раиси Девони вазирони Туркманистон ширкат хоҳанд кард.Аз ҷониби Аврупо дар ҷаласа раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел намояндагӣ мекунад.Дар ин ҷаласа, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарии байни минтақаҳо баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули афкор сурат мегирад.Илова бар ин, Содир Ҷабборов бо роҳбарони ҳайатҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад, афзуд манбаъ.
https://sputnik.tj/20230515/prezident-kishvar-osiyoi-dushanbe-jam-1057108386.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057134770_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_066ea1d0cd4e1d508295330c00e56de7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасдиқ, сафар, раисҷумҳур, тоҷикистон, қирғизистон
тасдиқ, сафар, раисҷумҳур, тоҷикистон, қирғизистон
Душанбе санаю сафари Раҳмон ба Қирғизистонро таъйид кард
17:20 30.05.2023 (Навсозишуда: 19:20 30.05.2023) Дар доираи сафар мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Қирғизистон ва роҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказию Иттиҳоди Аврупо дар назар аст
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи равон озими Қирғизистон хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сафари роҳбари давлат 2 июн дар назар мебошад.
Интизор меравад, ки роҳбари Тоҷикистон дар Иссиқкӯл дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат варзида, бо роҳбари кишвари мизбон, Содир Ҷабборов мулоқот анҷом медиҳад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, ин чорабинӣ дар шаҳри Чолпон-Ота, воқеъ дар соҳили Иссиқкӯл баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ҳамчунин муовини раиси Девони вазирони Туркманистон ширкат хоҳанд кард.
Аз ҷониби Аврупо дар ҷаласа раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел намояндагӣ мекунад.
Дар ин ҷаласа, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарии байни минтақаҳо баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули афкор сурат мегирад.
Илова бар ин, Содир Ҷабборов бо роҳбарони ҳайатҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад, афзуд манбаъ.