https://sputnik.tj/20230515/prezident-kishvar-osiyoi-dushanbe-jam-1057108386.html
Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Душанбе ҷамъ меоянд
Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Душанбе ҷамъ меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ба навбат дар яке аз давлатҳо баргузор мешавад
2023-05-15T12:15+0500
2023-05-15T12:15+0500
2023-05-15T12:15+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
душанбе
осиёи марказӣ
туркманистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041449867_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_e47c68eb2e198e26b88a17b5095db0cd.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Омодагӣ ба мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз масоии меҳварии суҳбати раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо пешвои миллати Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов будааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Халқ Маслахати Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимухамадов 15 май сурат гирифт. "Дар рафти суҳбат тамоми маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд", - омадааст дар иттилоия. Ҳамчунин ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро баррасӣ кардаанд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки мулоқоти мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон ва аз он пештар Туркманистон буд.
https://sputnik.tj/20230511/anjomi-safar-sardor-berdimuhamedov-tojikiston-1057048498.html
душанбе
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041449867_122:0:855:550_1920x0_80_0_0_3edea2ac8467a95f68dc059887cdbbeb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
машварат, президентҳо, кишварҳо, осиёи марказӣ
машварат, президентҳо, кишварҳо, осиёи марказӣ
Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Душанбе ҷамъ меоянд
Мулоқоти машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ба навбат дар яке аз давлатҳо баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Омодагӣ ба мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз масоии меҳварии суҳбати раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо пешвои миллати Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов будааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Халқ Маслахати Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимухамадов 15 май сурат гирифт.
"Дар рафти суҳбат тамоми маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро баррасӣ кардаанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки мулоқоти мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон ва аз он пештар Туркманистон буд.